Хуҷанд аз ширкати “Акиа Авесто” беш аз 50 мусофирбар мехарад

Дар шаҳри Хуҷанд зиёда аз 50 автобуси нав харидорӣ мешавад. Дар ин хусус масъулини маркази маъмурии вилояти Суғд бо корхонаи муштараки тоҷикию туркии “Акиа Авесто”-и шаҳри Душанбе гуфтушунид кардаанд. Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода имрӯз дар нишасти хабарӣ гуфт: “Аз ҳисоби сарфа кардани маблағҳои лоиҳа мо боз 50-60 адад автобусҳои наву замонавӣ харидорӣ мекунем”. Ёдовар мешавем, тибқи […]

Афзал Босолиев, махсус барои Asia-Plus

Дар шаҳри Хуҷанд зиёда аз 50 автобуси нав харидорӣ мешавад. Дар ин хусус масъулини маркази маъмурии вилояти Суғд бо корхонаи муштараки тоҷикию туркии “Акиа Авесто”-и шаҳри Душанбе гуфтушунид кардаанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода имрӯз дар нишасти хабарӣ гуфт: “Аз ҳисоби сарфа кардани маблағҳои лоиҳа мо боз 50-60 адад автобусҳои наву замонавӣ харидорӣ мекунем”.

Ёдовар мешавем, тибқи лоиҳа бо маблағгузории Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд 100 автобуси тамғаи “ЛИАЗ” аз Русия харидорӣ шуда, 2 сол инҷониб ба сокинони маркази вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон ва Гулистон хизмат мерасонанд.

“Дар доираи лоиҳаи беҳтар гардонидани Корхонаи воҳиди давлатии нақтиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд харидории 100 адад автобус пешбинӣ гардида, барои ин қариб 21 миллион доллари амрикоӣ ҷудо шуда буд. Дар натиҷаи гузаронидани тендерҳо мо қариб 6 миллион доллар маблағро сарфа кардем, ки он дар лоиҳа боқӣ мондааст. Азбаски ҳоло 2 банди лоиҳа – азнавсозии базаи нигаҳдории нақлиёт ва ташкил кардани фурӯши чиптаҳои электронӣ ба иҷро нарасидааст, мо он маблағҳои сарфашударо истифода карда наметавонем. Барои ҳамин агар тендерҳо доир шаванду маблағҳои он муайян гарданд, пули боқимондаро барои харидории автобусҳои нав равона мекунем”, – афзуд раиси шаҳри Хуҷанд.

Ба иттилои масъулин, автобусҳои корхонаи муштараки туркию тоҷикии “Акиа Авесто”-и шаҳри Душанбе аз он сабаб харидорӣ мешаванд, ки дар оянда таъмири онҳо ва дастрас кардани қисмҳои эҳтиётӣ осон мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.