Додситонии Хатлон ба матолиби ВАО диққати ҷиддӣ медиҳад

Прокуратураи вилояти Хатлон ба ҳамаи мақолаҳо ва барномаҳои танқидию таҳлилие, ки дар ВАО нашру пахш мешаванд, диққати ҷиддӣ медиҳад ва дар ҳолати зарурӣ санҷишҳои прокурорӣ мегузаронад. Дар ин бора имрӯз, 29-уми январ ёрдамчии прокурори вилояти Хатлон Варқа Зайниддин зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт. “Прокуратураи вилояти Хатлон иҷроиши фармони №622-и Президенти ҶТ аз 7-уми феврали соли 2009 “Дар бораи […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Прокуратураи вилояти Хатлон ба ҳамаи мақолаҳо ва барномаҳои танқидию таҳлилие, ки дар ВАО нашру пахш мешаванд, диққати ҷиддӣ медиҳад ва дар ҳолати зарурӣ санҷишҳои прокурорӣ мегузаронад.

Дар ин бора имрӯз, 29-уми январ ёрдамчии прокурори вилояти Хатлон Варқа Зайниддин зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт.

“Прокуратураи вилояти Хатлон иҷроиши фармони №622-и Президенти ҶТ аз 7-уми феврали соли 2009 “Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма”-ро баррасӣ кард. Дар соли 2019 вобаста ба 32 мақола ва барномаҳои танқидие, ки дар ВАО нашр гардида буданд, таҳлилҳо гузаронида шуд”, – илова кард ӯ.

“Дар 3 ҳолат ваҷҳҳое, ки дар мақолаҳо оварда шудаанд, пурра тасдиқи худро ёфтанд. Дар 9 мавод ваҷҳҳои журналистон қисман тасдиқи худро пайдо карда, дар 19 ҳолати дигар далелҳои овардаи муаллифон тасдиқ нашуданд. Ва 1 мавод мувофиқи тобеъият ба прокуратураи гарнизони ҳарбии Бохтар фиристода шуд”, – гуфт ёрдамчии прокурор.

Варқа Зайниддин афзуд, ки вобаста ба факту далелҳои тасдиқшуда прокуратураи вилояти Хатлон ва прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо тадбирҳои зарурӣ андешиданд. Зимнан баҳри бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ба унвонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва дигар идораҳои дахлдор пешниҳод ирсол гардид. Ҳамчунин шахсони ба ин камбудиҳо роҳдода ба ҷавобгарии маъмурию интизомӣ кашида шуданд.

Дар робита ба ин масъала прокурори вилояти Хатлон Насрулло Маҳмудзода қайд кард, ки прокуратураи вилоят ҳамеша матолиби нашру пахшкардаи ВАО-ро пайгирӣ мекунад ва барои рафъи камбудиҳои зикршуда чора меандешад.

“Мо натанҳо аз мақолаю барномаҳои таҳлилию танқидӣ хулоса мебарорем, балки аз суолҳое, ки дар рафти нишастҳои матбуотӣ аз ҷониби намояндагони ВАО ироа мешаванд, нақшаи корӣ тартиб дода, баҳри чораҷӯйӣ ва бартараф кардани норасоиҳо ба прокуратураҳои шаҳру навоҳии вилоят дастур медиҳем”, – гуфт Маҳмудзода.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.