Ҳамватанон дар Иркутск ба донишҷӯёни тоҷики аз Чин баргашта кумак расониданд

Date:

Дар гурӯҳи “Шоми ғарибон”-и шабакаи иҷтимоии Facebook наворе нашр гардида буд, ки дар он донишҷӯёни тоҷики аз Чин ба шаҳри Иркутски Русия баргашта мушоҳида мешуданд. Ба онҳо намояндагони ҷамъияти тоҷикони Иркутск кумак расониданд.

Навори мазкур аз саҳифаи Шаҳлои Наҷмиддин дар шабакаи видеоии YouTube бознашр гардида, сипас бо дархости волидайни донишҷӯён ҳазф шудааст. Номбурда ба хабарнигори “Азия-Плюс” гуфт, ки 9 нафар донишҷӯёну шаҳрвандони Тоҷикистонро зимни бозгашт аз шаҳри Пекин дар фурудгоҳи Иркутск барои ташхиси тиббӣ нигоҳ доштаанд. Дар натиҷа онҳо аз ҳавопаймои самти Тоҷикистон қафо монда, чиптаҳояшон “сӯхт”. Донишҷӯён бе пулу ҷойи хоб буданд ва барои ҳалли мушкили онҳо тоҷикони маҳаллӣ мусоидат карданд.

Раиси ҷамъияти тоҷикони Иркутск Алишер Ширинов мегӯяд, донишҷӯёни аз Чин баргаштаро аллакай ташхиси тиббӣ кардаанд. Хатаре ба онҳо таҳдид намекунад.

Ба қавли ӯ, сафири Тоҷикистон дар Русия ва консули ҷумҳуриамон дар Новосибирск аз ин амалҳо дарак доранд. Дар давоми 2 рӯз барои онҳо чипта харида мешавад ва ба Ватан бармегарданд.

Донишҷӯён барои дастгирӣ ва бо ғизою ҷойи хоб таъмин шуданашон изҳори сипос карда, афзуданд, ки аҳли хонаводаи онҳо хурсанд мебошанд.

Алишер Ширинов аз он ибрози нигаронӣ кард, ки мардум ҳоло аз хуруҷи бемории коронавирус ба таҳлука афтодаанд. Ӯ аз тоҷикистониёни муқими Русия хоҳиш кард, барои тамоми бародарону хоҳарони донишҷӯ ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз Хитой бармегарданд, кумаку дастгирии худро пешниҳод созанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...