Ҳамватанон дар Иркутск ба донишҷӯёни тоҷики аз Чин баргашта кумак расониданд

Дар гурӯҳи “Шоми ғарибон”-и шабакаи иҷтимоии Facebook наворе нашр гардида буд, ки дар он донишҷӯёни тоҷики аз Чин ба шаҳри Иркутски Русия баргашта мушоҳида мешуданд. Ба онҳо намояндагони ҷамъияти тоҷикони Иркутск кумак расониданд. Навори мазкур аз саҳифаи Шаҳлои Наҷмиддин дар шабакаи видеоии YouTube бознашр гардида, сипас бо дархости волидайни донишҷӯён ҳазф шудааст. Номбурда ба хабарнигори “Азия-Плюс” […]

Дар гурӯҳи “Шоми ғарибон”-и шабакаи иҷтимоии Facebook наворе нашр гардида буд, ки дар он донишҷӯёни тоҷики аз Чин ба шаҳри Иркутски Русия баргашта мушоҳида мешуданд. Ба онҳо намояндагони ҷамъияти тоҷикони Иркутск кумак расониданд.

Навори мазкур аз саҳифаи Шаҳлои Наҷмиддин дар шабакаи видеоии YouTube бознашр гардида, сипас бо дархости волидайни донишҷӯён ҳазф шудааст. Номбурда ба хабарнигори “Азия-Плюс” гуфт, ки 9 нафар донишҷӯёну шаҳрвандони Тоҷикистонро зимни бозгашт аз шаҳри Пекин дар фурудгоҳи Иркутск барои ташхиси тиббӣ нигоҳ доштаанд. Дар натиҷа онҳо аз ҳавопаймои самти Тоҷикистон қафо монда, чиптаҳояшон “сӯхт”. Донишҷӯён бе пулу ҷойи хоб буданд ва барои ҳалли мушкили онҳо тоҷикони маҳаллӣ мусоидат карданд.

Раиси ҷамъияти тоҷикони Иркутск Алишер Ширинов мегӯяд, донишҷӯёни аз Чин баргаштаро аллакай ташхиси тиббӣ кардаанд. Хатаре ба онҳо таҳдид намекунад.

Ба қавли ӯ, сафири Тоҷикистон дар Русия ва консули ҷумҳуриамон дар Новосибирск аз ин амалҳо дарак доранд. Дар давоми 2 рӯз барои онҳо чипта харида мешавад ва ба Ватан бармегарданд.

Донишҷӯён барои дастгирӣ ва бо ғизою ҷойи хоб таъмин шуданашон изҳори сипос карда, афзуданд, ки аҳли хонаводаи онҳо хурсанд мебошанд.

Алишер Ширинов аз он ибрози нигаронӣ кард, ки мардум ҳоло аз хуруҷи бемории коронавирус ба таҳлука афтодаанд. Ӯ аз тоҷикистониёни муқими Русия хоҳиш кард, барои тамоми бародарону хоҳарони донишҷӯ ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз Хитой бармегарданд, кумаку дастгирии худро пешниҳод созанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.