Муовини вазири фарҳанг: Дар “маршировка” ҷавонон ба якдигар ошиқ мешаванд

Дар посух ба суоли “Оё иштирок дар маршировкаҳо ихтиёрист ё маҷбурӣ?” муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон Обидҷон Назариён имрӯз, 6-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт: “Мумкин иттилоъ нодуруст бошад, лекин бо вуҷуди он боварӣ дорам, қариб 90 фисади донишҷӯён хоҳиши иштирок доранд”. Аммо, ба қавли ӯ, баъзан ҳолатҳое низ буданд, ки онҳо изҳори нигаронӣ мекарданд: […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар посух ба суоли “Оё иштирок дар маршировкаҳо ихтиёрист ё маҷбурӣ?” муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон Обидҷон Назариён имрӯз, 6-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт: “Мумкин иттилоъ нодуруст бошад, лекин бо вуҷуди он боварӣ дорам, қариб 90 фисади донишҷӯён хоҳиши иштирок доранд”.

Аммо, ба қавли ӯ, баъзан ҳолатҳое низ буданд, ки онҳо изҳори нигаронӣ мекарданд: “Рӯзҳои аввали иштироки ҷавонон дар чорабиниҳо каму беш нофаҳмиҳо буд. Ба ман ҳам суол доданд, ки барои чӣ дар давлати бародарии Ӯзбекистон ё дигар кишварҳо ҳамин корҳо намешавад?”

Обидҷон Назариён яке аз масъулони баргузории “маршировкаҳо” дар Тоҷикистон аст ва зимни суханронияш аз он изҳори хушнудӣ кард, ки “дар ҳамин чорабиниҳо ҷавонон ба якдигар ошиқ мешаванд ва оила барпо мекунанд”.

Ба қавли ӯ, дар ҷаласаи васеъи Вазорати маориф пешниҳод шудааст, ки донишҷӯён баъд аз дарс ба маршировка фаро гирифта шаванд.

“Бо вазири маориф ва ректорҳо дар ҷаласаи васеъ пешниҳод кардем, ки донишҷӯён ҳам таҳсили худро идома диҳанд ва ҳам дар чорабинӣ иштирок намоянд. Ягон монеагӣ набуд. Ҳамон 10 фоиз хоҳиши иштирок надоранд ва овоза мекунанд. Ман бо баъзеи онҳо суҳбат кардам ва аз ягон нафар сухани қабеҳ ё норозигӣ нисбат ба давлат, миллат ё чунин чорабинӣ нашунидам. Ман ба шумо гапи дурӯғ намезанам, бархеи онҳо мегӯянд: “устод, кай мешавад ҳамин чорабиниҳо, ки мо иштирок кунем?”, – афзуд Назариён.

Муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон ҳамчунин таъкид кард, ки масъулони донишгоҳҳо вазифадор шудаанд, донишҷӯёнро маҷбуран ба маршировка ҷалб накунанд, чун иштирок дар ин чорабиниҳо ихтиёрист. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.