Муҳлати қайди дубораи симкортҳо дар Тоҷикистон дароз шуд

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дар бораи дароз кардани муҳлати қайди дубораи симкортҳоро бо шиносномаи намунаи нави ID то 15-уми феврали соли 2022 ба имзо расонид. Тавре ба “Азия-Плюс” намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Адҳам Маъмурзода хабар дод, қарори сарвари давлат ба хотири дастгирии аҳолӣ имзо шудааст. Рӯзи 15-уми феврал муҳлати дубора бақайдгирии симкортҳо бо шиносномаи […]

Меҳрангез Турсунзода, Asia-Plus

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дар бораи дароз кардани муҳлати қайди дубораи симкортҳоро бо шиносномаи намунаи нави ID то 15-уми феврали соли 2022 ба имзо расонид.

Тавре ба “Азия-Плюс” намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Адҳам Маъмурзода хабар дод, қарори сарвари давлат ба хотири дастгирии аҳолӣ имзо шудааст.

Рӯзи 15-уми феврал муҳлати дубора бақайдгирии симкортҳо бо шиносномаи намунаи нав ба охир расид. Як ҳафта пеш ширкатҳои мобилӣ муштариёни худро огоҳ карда буданд, ки барои қайди дубораи симкортҳо бо ID-и шиносномаҳо шитоб кунанд.

Қобили зикр аст, ки бо мақсади амалисозии Қарори ҳукумати ҶТ аз 30 апрели соли 2016 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он», ҷиҳати азнавбақайдгирии симкортҳои мобилии шахсоне, ки бо шиносномаҳои намунаи соли 1996 сабтином шудаанд, онҳо бояд симкортҳои худро бо шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 то 15-уми феврали соли 2020 (муҳлати пешина – 15-уми августи соли 2019) аз нав ба қайд гиранд.

Қаблан дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон хабар дода буданд, ки то ҳол 3,8 млн. нафар муштариёни алоқаи мобилӣ симкортҳои худро бо шиносномаҳои намунаи нави соли 2014 ба қайд нагирифтаанд.

Тибқи иттилои як манбаъ аз Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ, айни замон дар кишвар 6,9 млн. адад симкортҳо ба қайд гирифта шудааст.

Бино ба маълумоти ВКД, аз соли 2014 ҳамагӣ 2,9 млн. нафар ва танҳо соли гузашта 1,7 млн. нафар шаҳрвандон шиносномаҳои намунаи нав гирифтаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.