КМИР номзади ғайриқонунӣ сабтшударо аз маъракаи пешазинтихоботӣ хориҷ кард

Сабаби бекор кардани қарори қаблан қабулшуда дар бораи расман бақайдгирии номзад ба вакилии парлумон он аст, ки дар вақти ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон ба қайд гирифтанаш ӯ  30-сола нашудааст. Дар қонунгузории ҷумҳурӣ вакили парлумон будан танҳо ба шаҳрвандони аз 30-сола боло иҷоза дода мешавад. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон дар бораи бекор кардани […]

Сабаби бекор кардани қарори қаблан қабулшуда дар бораи расман бақайдгирии номзад ба вакилии парлумон он аст, ки дар вақти ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон ба қайд гирифтанаш ӯ  30-сола нашудааст. Дар қонунгузории ҷумҳурӣ вакили парлумон будан танҳо ба шаҳрвандони аз 30-сола боло иҷоза дода мешавад.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон дар бораи бекор кардани қарори Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Ҷалолидини Балхӣ №30 аз 6 феврали соли 2020, №4 дар қисми бақайдгирии номзадии Акмалиддин Каримов қарор қабул кард.

Тавре маркази матбуоти КМИР ҶТ хабар медиҳад, аз рӯйи ҳуҷҷатҳои дар парванда мавҷудбуда дида мешавад, ки Акмалиддин Каримов 30 сентябри соли 1991 таваллуд шуда, дар вақти ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон ба қайд гирифтанаш ба синни 30-солагӣ нарасидааст.

Дар ин робита қарори Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони МНМО ҶТ аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Ҷалолиддини Балхӣ №30 аз 6 феврали соли 2020, №4 дар қисми бақайдгирии номзадии Акмалиддин Каримов бинобар ғайриқонунӣ буданаш бекор карда шуд.

Акмалиддин Каримов ба таври худпешбарӣ номзад ба вакилии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ сабтином шуда буд.

Ёдрас мекунем, ки маъракаи интихобот ба палатаи поёни парлумони Тоҷикистон, ҳамчунин маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба рӯзи 1-уми март таъин шудааст. Барои ба даст овардани 63 курсии вакилӣ дар парлумон 241 нафар номзадҳо рақобат мекунанд – 176 номзад дар 41 ҳавзаи якмандатии интихоботӣ ва 65 номзад тибқи рӯйхати ҳизбӣ дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихоботӣ. Байни номзадҳои расман сабтиномшуда ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ 48 нафарашон занон мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.