Яке аз ширкатҳои суғуртавии маъруфи Тоҷикистон барҳам дода мешавад

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дархости ташкилоти (ҶДММ) “Лидер Иншуренс”-ро оид ба барҳамдиҳии ихтиёрӣ қонеъ кардааст. Тавре шуъбаи матбуоти БМТ хабар медиҳад, тибқи қарори Раёсати Бонки миллӣ аз 13-уми феврал, иҷозатномаи ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Лидер Иншуранс”, ки барои анҷом додани фаъолияти суғуртавӣ аз 24 январи соли 2019 дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шуд. Гуфта мешавад, […]

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дархости ташкилоти (ҶДММ) “Лидер Иншуренс”-ро оид ба барҳамдиҳии ихтиёрӣ қонеъ кардааст.

Тавре шуъбаи матбуоти БМТ хабар медиҳад, тибқи қарори Раёсати Бонки миллӣ аз 13-уми феврал, иҷозатномаи ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Лидер Иншуранс”, ки барои анҷом додани фаъолияти суғуртавӣ аз 24 январи соли 2019 дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шуд.

Гуфта мешавад, идораи назорати суғуртавӣ вазифадор карда шуд, ки тағйироти дахлдорро дар ин хусус ба Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта ворид кунад.

ҶСП Ташкилоти суғуртавии “Ориён Иншуранс” 18 майи соли 2004 таъсис дода шуда, соли 2015 ба “Лидер Иншуренс” табдили ном кард. Дар феҳристи ягонаи БМТ ширкати суғуртавӣ ҳамчун ҶДММ “СО Лидер Иншуренс” бо сармояи оинномавии 500 ҳазор сомонӣ ба қайд гирифта шудааст.

Мувофиқи рӯйхат, ягона саҳмиядор (100%-и саҳмия) шахси воқеӣ Раҳматулло Яқубҷон мебошад.

Ҳамин тариқ пас аз барҳамдиҳии “Лидер Иншуренс” дар бозори суғуртаи Тоҷикистон тибқи маълумоти БМТ, 18 ширкати суғуртавӣ: 16 ғайридавлатӣ ва 2 давлатӣ боқӣ монданд.

Ширкатҳои нисбатан бузургтар аз рӯи ҳаҷми сармояи оинномавӣ ҶСДММ «Спитамен-Суғурта» (87,7 млн. сомонӣ), КВДС «Тоҷиксармоягузор» (15,6 млн. сомонӣ), КВД «Тоҷиксуғурта» (5,2 млн. сомонӣ) ва ҶДММ «ҶС «Муин» (2,4 млн. сомонӣ) маҳсуб меёбанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.