Бо таҳияи суманаки 7-тоннагӣ дар ҷашни Наврӯз сокинони Намангон ба “Китоби рекордҳои Гиннес” номнавис шуданианд.
Барои анҷоми ин кор аз Тошканд махсус деги хеле калон оварда шуд, ки дар Комбинати кӯҳкорӣ-металлургии Алмалиқ сохта шудааст.
Суманаки пухтаро ба 10 ҳазор нафар ҳозирин дар ин маросим, асосан ба тарбиятггирандагони хонаҳои кӯдакон, ҳамчунин ба аъзои оилаҳои камбизоат тақсим намуданд.
Шарики лоиҳаи “Салом соседи!” (Салом ҳамсояҳо) КВД “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) мебошад. ТАЛКО корхонаи бузурги саноатии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки дар сафҳои аввали истеҳсолкунандагони алюминий дар саросари ҷаҳон қарор дорад. Имрӯз саҳми ширкат дар чунин бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон, ба мисли саноати кӯҳкорӣ ва кимиё низ назаррас аст. Ҳамчунин ТАЛКО рушди яке аз самтҳои нав дар иқтисоди Тоҷикистон – энергетикӣ-металлургиро низ ҳадаф қарор додааст.
Ин хабар дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” таҳия шудааст. Гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бошед.