Салом алайкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

ҚУРБИ АСЪОР Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА – 9.6800 сомонӣ; 1 евро – 10.6480 сомонӣ;                      1 рубли русӣ – 0.1432 сомонӣ. ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ 1921 – Валериан Владимирович Куйбишев ба Душанбе омад. 1959 – Бо ҳавопаймои Ил-18 бо хатсайри Сталинобод – Маскав аввалин […]

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА – 9.6800 сомонӣ;

1 евро – 10.6480 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1432 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1921 – Валериан Владимирович Куйбишев ба Душанбе омад.

1959 – Бо ҳавопаймои Ил-18 бо хатсайри Сталинобод – Маскав аввалин парвоз сурат гирифт.

1960 – Навбати аввали комбинати қолинбофии Қайроққум ба истифода дода шуд.

1992 – Дар иҷлосияи 46-уми Маҷмаи куллии Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистон ба узвияти созмон пазируфта шуд.

2013 – Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии тиҷорат шуд.

1946 – Зодрӯзи журналист Муҳиддин Олимпур. Шоми 12-уми декабри соли 1995 дар роҳи хонаравӣ бедарак шуда, рӯзи дигар ҷасади ӯ дарёфт гардид.

1950-2014 – Мавлуди сароянда, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Даврон Алиматов.  Cоли 2014 аз олам даргузашт.

1951 – Зодрӯзи журналист, дорандаи ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ Холмаҳмад Хон Мавлонзода.

1959 – Мавлуди  Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Акбар Мирраҷабов.

РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

Ҳамасола санаи 2 март яке аз идҳои ғайриоддӣ – Рӯзи байнулмилалии гӯгирд ҷашн гирифта мешавад. 

ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Ҳавои камабри бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 3+8° гарм, рӯзона 15+20 гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -4+1°, рӯзона 8+13° гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои камабри бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 4+9° гарм, рӯзона 19-24° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7° гарм, рӯзона 14+19° гарм мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои камабри бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона 1-6° хунук, рӯзона 6+11° гарм, дар шарқи вилоят ҳарорати ҳаво шабона 17-22° хунук, рӯзона -4+1° мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои камабри бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 3+8° гарм, рӯзона 18+23° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ -3+2°, рӯзона 7-12° гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои камабри бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад. Шабона 4+6° гарм, рӯзона 20+22° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои камабри бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 7-12м/с мевазад. Шабона 5+7° гарм, рӯзона 17+19° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои камабри бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад. Шабона 5+7° гарм, рӯзона 21+23° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои камабри бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад. Шабона 2-4° хунук, рӯзона 8+10° гарм мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.