Вазорати фарҳанг аз ҷалби донишҷӯёну хонандагон ба “маршировка” даст кашид

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба зерсохторҳои худ дастур додааст, ки аз барномаҳои театрикунонида бо иштироки донишҷӯёну хонандагон бахшида ба Иди Наврӯз даст бикашанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон Аловуддин Абдуллозода хабар дод. “Дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ду рӯз пеш ҷаласа доир шуд. Вазири фарҳанг ба ҳамаи раёсатҳо ва дигар зерсохторҳояш дастур дод, ки ба хотири […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба зерсохторҳои худ дастур додааст, ки аз барномаҳои театрикунонида бо иштироки донишҷӯёну хонандагон бахшида ба Иди Наврӯз даст бикашанд.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон Аловуддин Абдуллозода хабар дод.

“Дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ду рӯз пеш ҷаласа доир шуд. Вазири фарҳанг ба ҳамаи раёсатҳо ва дигар зерсохторҳояш дастур дод, ки ба хотири пешгирии коронавирус аз барномаҳои театрикунонида даст бикашанд. Иловатан дирӯз барқияи телефонӣ гирифтем ва машқҳои барномаи театрикунонидаро бахшида ба Иди Наврӯз қатъ кардем”, – гуфт Аловуддин Абдуллозода.

Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Диловар Исозода низ тасдиқ кард, ки аз дирӯз машқҳо барои барномаи театрикунонидаи Бохтар ва шаҳру навоҳии вилоят манъ карда шудааст.

Ба қавли Аловуддин Абдуллозода, чунин тасмим дар мувофиқа бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гирифта шудааст.

“Барномаҳои фароғатӣ аз тарафи кормандони соҳаи фарҳанг омода хоҳад шуд, вале барномаҳои театрикунонида баргузор намешаванд”, – изҳор дошт Аловуддин Абдулозода.

Вай афзуд, ки дастури манъи барномаҳои театрикунонида танҳо ба хотири пешгирии сироят ва эҳтиёт қабул шудааст.

Қобили зикр аст, ки ҳудуди як моҳи охир донишҷӯёну хонандагони макотиби олию миёна Бохтар ва ноҳияи Кӯшониён дар варзишгоҳҳои “Пахтакор” ва “Ҷавонон”, инчунин фурудгоҳи шаҳр барномаҳои театркунонидашударо тамрин мекарданд. 

Бино ба маълумоти расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ, то имрӯз, 5-уми март ягон ҳодисаи сирояти коронавирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.