Чӣ тавр акнун салом мебояд кард?

Пизишкон, аз ҷумла табибони тоҷик низ, тавсия додаанд, ки зимни салом бо одамон дастҳо ба ҳамдигар расонида нашаванд, чунки ин амал эҳтимоли сирояти коронавирусро кам мекунад. Акнун чӣ хел салому алайк мебояд кард? Ана ин тавр. Ба ҷойи дастфишорӣ одамон бо расонидани оринҷҳо ва дигар узвҳои бадан ба  ҳам салом медиҳанд. Зеро меҳрубониву самимиятро касе бекор накардааст. Дар […]

Asia-Plus

Пизишкон, аз ҷумла табибони тоҷик низ, тавсия додаанд, ки зимни салом бо одамон дастҳо ба ҳамдигар расонида нашаванд, чунки ин амал эҳтимоли сирояти коронавирусро кам мекунад.

Акнун чӣ хел салому алайк мебояд кард? Ана ин тавр. Ба ҷойи дастфишорӣ одамон бо расонидани оринҷҳо ва дигар узвҳои бадан ба  ҳам салом медиҳанд. Зеро меҳрубониву самимиятро касе бекор накардааст. Дар ин бора Медуза хабар медиҳад.

Табибони эронӣ тасмим гирифтаанд, ки бо рақс ҳам зидди коронавирус мубориза мебаранд. Онҳо рақс мекунанд, то ки беморони дар карантин қарордошта хушҳолу табъашон болида шавад.

Видеои табибони рақсандаро садҳо ҳазор корбар тамошо ва зераш шарҳҳои мусбат гузоштанд. Аммо то ҳол маълум нест, ки ба ин ташаббус ҳукуматдорони кишвар чӣ гуна муносибат доранд, зеро тибқи қонунҳои динии Эрон, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ рақсидан манъ аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.