Вазорати тандурустӣ: Сирояти коронавирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст

Муроҷиатномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони мамлакат Дар робита ба хабару овозаҳое, ки имрӯзҳо дар сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба сирояти коронавирус, ки гӯё дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, нашр мешаванд, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ба самъи шаҳрвандони мамлакат мерасонад, ки хушбахтона, то имрӯз дар […]

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Муроҷиатномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони мамлакат

Дар робита ба хабару овозаҳое, ки имрӯзҳо дар сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба сирояти коронавирус, ки гӯё дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, нашр мешаванд, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ба самъи шаҳрвандони мамлакат мерасонад, ки хушбахтона, то имрӯз дар кишвар сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, аммо чораҳои пешгирии он рӯз то рӯз пурзӯр карда мешаванд.

Бинобар ин, чораҳои пешгирикунанда оид ба сирояти мазкур набояд шаҳрвандони мамлакатро ба таҳлука андозанд. Бояд таъкид намуд, ки танҳо ва танҳо чораҳои роҳандозишуда, аз ҷумла, худдорӣ намудан аз иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, сафар ба кишварҳое, ки дар онҳо вируси мазкур ба қайд гирифта шудааст, муваққатан худдорӣ намудан аз намозгузории дастаҷамъона дар масҷидҳо, аз ҷумла, масҷидҳои ҷомеъ, панҷвақта ва ҷамоатхонаҳо ба истиснои намози ҷаноза ва манъи муваққатии чорабиниҳои оммавӣ ба хотири пешгирии сирояти коронавирус дар Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

Ҳамзамон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ аз ВАО-и мамлакат даъват ба амал меорад, ки оид ба ин масъалаи ҳассос танҳо маълумоти расмӣ ва санҷидашударо нашр намуда, ба шаҳрвандони мамлакат маълумоти дурустро бирасонанд.

Чунин ба назар мерасад, ки як гурӯҳ одамон бо истифода аз шабакаи интернет аз нашри ҳар гуна хабарҳои дурӯғ ва беасос вобаста ба он, ки гӯё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст, манфиатдор буда, бо ин роҳ мехоҳанд мардумро ба тарсу ҳарос андозанд.

Бо мақсади пешгирӣ аз ин беморӣ тавсия дода мешавад, ки ҳар як нафар гигиенаи шахсиро риоя намуда, дастонро бояд тез-тез бо собун ва ё маҳлулҳои безараргардонанда шӯянд. Барои иммунитети худро мустаҳкам намудан, бештар меваҷоту сабзавот истеъмол кунанд. Инчунин дар ҷойҳои серодам камтар гаштугузор намоянд, ё ҳангоми будан дар чунин ҷойҳо аз ниқоб истифода кунанд. Ҳамзамон як муддат аз дастӣ салом намудан ва ҳамдигарро ба оғӯш гирифта, бӯсобусӣ кардан худдорӣ намоянд.

Бояд гуфт, ки айни замон шаҳрвандоне, ки аз 5 кишвар: Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Италия, Афғонистон ва Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, ба карантин фаро гирифта хоҳанд шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.