Баррасии масъалаи коронавирус бо сафирон ва намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ

Вохӯрии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Насим Олимзода бо сафирон ва намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ дар Тоҷикистон ҷиҳати баррасии масъалаи коронавирус имрӯз дар Душанбе доир гардид.  Насим Олимзода иброз дошт, ки масъалаи пешгирии сирояти коронавирус зери назорати бевоситаи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Инчунин таъкид гардид, ки вазорат ҳамарӯза оид ба вазъи сирояти коронавирус дар тамоми ҷаҳон […]

Вохӯрии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Насим Олимзода бо сафирон ва намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ дар Тоҷикистон ҷиҳати баррасии масъалаи коронавирус имрӯз дар Душанбе доир гардид. 

Насим Олимзода иброз дошт, ки масъалаи пешгирии сирояти коронавирус зери назорати бевоситаи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Инчунин таъкид гардид, ки вазорат ҳамарӯза оид ба вазъи сирояти коронавирус дар тамоми ҷаҳон аз Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ маълумот ба даст меоварад.

Иттилоъ дода шуд, ки то ба имрӯз 1500 нафар шаҳрвандони аз Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Италия, Афғонистон ва Эрон ба Тоҷикистон воридшударо ба карантин фаро гирифтанд. Аз ин шумор то 4-уми март 320 кас дар ҳолати карантинӣ қарор дошта, боқимонда ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Дар ин вохурӣ сафирон ва намояндагони сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байнулмилалӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла Русия, Фаронса, Афғонистон, Олмон, Арабистони Саудӣ, Беларусия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҳиндустон, Эрон, Ҷопон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Покистон, Қатар, Туркманистон, Туркия, Британияи Кабир, Украина, ИМА, Корея, Иттиҳоди Аврупо, САҲА, СММ ва Фонди Оғохон дар Тоҷикистон иштирок доштанд.

Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, дар идомаи вохурӣ намояндагони баъзе сафоратхонаҳо вобаста ба вазъи шаҳрвандони кишварҳои худ пурсон шуданд, ки онҳоро дар Тоҷикистон ба карантин фаро гирифтаанд. Вобаста ба ин масъала иттилоъ дода шуд, ки дар беморхонаҳои сироятии мамлакат барои он нафароне, ки ба карантин фаро гирифта мешаванд, тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.

Айни замон танҳо шаҳрвандоне, ки аз 5 кишвар: Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Италия, Афғонистон ва Эрон ба Тоҷикистон ворид мегарданд, ба карантин фаро гирифта мешаванд.

Қобили зикр аст, ки айни ҳол аз Афғонистон ба Тоҷикистон молу маҳсулот ворид карда мешавад. Танҳо қабл аз вуруд ба хоки Тоҷикистон нақлиётро дезинфексия мекунанд.

Ҳамзамон қайд карда шуд, ки бо мақсади пешгирии сирояти коронавирус дар сатҳи ҳукумати Тоҷикистон, вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ва дигар сохторҳои марбутаи кишвар ситоди корӣ фаъолият дорад.

Дар идомаи вохӯрӣ сафирон ва намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ дар Тоҷикистон ба суолҳои худ аз роҳбарияти вазорат посух гирифтанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.