Мусобиқаи волейбол миёни бонувон дар Хатлон

Дар арафаи Рӯзи Модарон мусобиқаи вилоятии волейбол байни дастаҳои бонувон дар шаҳри Бохтар баргузор шуд. Дар он 13 даста аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон иштирок карданд. Сардовари мусобиқа Рустам Давлатшоев ба “Азия-Плюс” гуфт, ки чорабинии мазкур бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон гузаронида шуд. Мусобиқаро муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Дар арафаи Рӯзи Модарон мусобиқаи вилоятии волейбол байни дастаҳои бонувон дар шаҳри Бохтар баргузор шуд. Дар он 13 даста аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон иштирок карданд.

Сардовари мусобиқа Рустам Давлатшоев ба “Азия-Плюс” гуфт, ки чорабинии мазкур бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон гузаронида шуд.

Мусобиқаро муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ ва сардори Раёсати ҷавонон ва варзиш Фариза Абдуллозода ифтитоҳ бахшиданд.

Фирӯза Шарифӣ зимни суханронӣ изҳор дошт: “Имрӯз духтарону бонувони тоҷик рӯ ба варзиш оварда, баҳри солимии худ кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Ҳамзамон дар баробари мардон шарафи вилоят ва кишварро дар мусобиқаҳои гуногуни ҷумҳуриявию байнулминалӣ баланд мебардоранд”.

Дар ҷараёни мусобиқа дастаҳои ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ – 1 ва 2, инчунин тими шаҳри Норак маҳорати хуб нишон доданд.

Ҷойи аввал насиби дастаи волейболи Балхӣ-2 гардид. Мақоми дуюмро дастаи Балхӣ-1 ва ҷойи сеюмро тими шаҳри Норак соҳиб шуданд.

Дар ҷамъбасти мусобиқа сардори Раёсати ҷавонон ва варзиш Фариза Абдуллозода ва сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон Раъно Раҳимзода ба ғолибони мусобиқа медалу туҳфаҳои хотиравӣ супурданд

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.