Таъмири хона бо мақсади сарфаи сӯзишворӣ

Бо дастгирии Барномаи озуқаи ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид ҳуҷраҳои зимистонаи зиёда аз 160 оилаи камбизоати ноҳияи Файзобод гарминигоҳдорӣ шуданд. Лоиҳа моҳҳои ноябру декабри соли 2019 аз ҷониби Герес Тоҷикистон, ташкилоти байнулмилалӣ оиди энергияи самаранок дар ҳамкорӣ бо Аввалин бонки молиявии хурд ва мақомотҳои маҳаллии ноҳия амалӣ гашт. Дар Тоҷикистон оилаҳои камбизоат то 80% даромади худро […]

Иттилоияи расмӣ

Бо дастгирии Барномаи озуқаи ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид ҳуҷраҳои зимистонаи зиёда аз 160 оилаи камбизоати ноҳияи Файзобод гарминигоҳдорӣ шуданд. Лоиҳа моҳҳои ноябру декабри соли 2019 аз ҷониби Герес Тоҷикистон, ташкилоти байнулмилалӣ оиди энергияи самаранок дар ҳамкорӣ бо Аввалин бонки молиявии хурд ва мақомотҳои маҳаллии ноҳия амалӣ гашт.

Дар Тоҷикистон оилаҳои камбизоат то 80% даромади худро барои таъмини озуқа сарф мекунанд. Дар фасли зимистон харҷи сӯзишворӣ барои гармкунӣ ин оилаҳоро водор месозад, ки миқдори ғизои истеъмол мекардаро коҳиш диҳанд ё ин ки озуқаи арзонтар истеъмол намоянд. Ин масъала якҷоя бо ҳарорати пасти ҳуҷраҳо ва сифати пасти ҳавои дохили ҳуҷра мушкилоти аз даст додани саломатиро ба миён меоранд. Беҳтар кардани сифати гарминигоҳдории хонаҳои оилаҳои камбизоат харҷи онҳоро барои сӯзишворӣ коҳиш дода, имкон медиҳад, ки маблағи сарфашуда барои баланд бардоштани таъмини амнияти озуқа истифода шавад.

Гарминигоҳдории ҳуҷра маҷмӯи чорабинӣ оид ба коҳиш додани талафоти гармӣ тавассути конструксияҳои иҳотагари ҳуҷра аз қабили шифт, деворҳои беруна, фарш ва дару тирезаи он мебошад.

Интихоби оилаҳои камбизоат дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои маҳаллӣ, дар асоси талаботи осебпазирии Барномаи озуқаи ҷаҳонӣ ва талаботи техникии Герес Тоҷикистон амалӣ карда шуд. Ҳамаи оилаҳои дар барнома иштирокнамуда масолеҳи гарминигоҳдоранда барои шифту фарш, тирезаҳои дуқабата ва 2-тогӣ фурӯзонакҳои каммасраф ба даст оварданд. Ҳар як аъзои оилаи иштирокчӣ оид ба сарфаи энергия омӯзонида шуданд. Баъд аз гузаштани омӯзиш онҳо барои гарминигоҳдории ҳуҷраҳои зимистонаи худ ҷалб карда шуданд ва аз ҷониби Барномаи озуқаи ҷаҳонӣ барои вақти сарфкардаашон маблағ ба даст оварданд. Барои корҳои гарминигоҳдорӣ 36 устои маҳаллӣ аз 9 ҷамоати деҳот ҷалб карда шуданд. Сараввал онҳо оид ба усули гарминигоҳдорӣ аз ҷониби кормандони техникии Герес Тоҷикистон омӯзиш гузашта, бо асбобҳои лозима муҷаҳҳаз шуданд. Баъдан корҳои гарминигоҳдорӣ дар хонаҳои оилаҳои камбизоат амалӣ шуд ва барои ин музди меҳнат ба даст оварданд.

Лоиҳа 50 рӯз давом ёфта, имкон дод, ки зиёда аз 2500 метри мураббаъ шифт ва 2500 метри мураббаъ фарши хонаҳо гарминигоҳдорӣ шуда, 300 метри мураббаъ тирезаҳои одӣ ба тирезаҳои дуқабата иваз карда шаванд. Пурсишҳои баъдӣ нишон доданд, ки оилаҳо дар зимистони ҷорӣ нисбат ба зимистони пешин камтар сӯзишворӣ истифода карданд. Ба ҳисоби миёна сарфаи сӯзишворӣ 10-12 кг дар як шабонарӯз мебошад. Инчунин дар ҳуҷраҳои онҳо воридшавии ҳавои беруна камтар шуда, шароити бароҳатӣ зиёд шудааст. Дар як мавсими гармкунӣ ҳар як оила аз ҳисоби сӯзишворӣ аз 700 то 1000 сомонӣ сарфа хоҳад кард, ки ин маблағ барои таъмини амнияти ғизоӣ мусоидат мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.