АНОНС
– Дар Урдун мусобиқаи интихобӣ оид ба бокс барои дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиада дар арафаи анҷомёбист. Дар вазни 81 кило намояндаи Тоҷикистон Шаббос Неъматуллоев қувваозмоӣ мекунад.
– Бозии даври 1-уми мусобиқаи Ҷоми КФО-2020 байни ду дастаи Тоҷикистон – “Истиқлол” ва Хуҷанд” дар Варзишгоҳи марказии Душанбе. Оғози бозӣ: соати 18:00. Бозӣ бе ҳузури тамошобинон доир мегардад. Ҳаводорони футбол ҷараёни бозиро мустақиман дар шабакаҳои телевизионии “Варзиш” ва “Футбол” тамошо карда метавонанд.
– Дар Театри ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ба муносибати ҷашни Рӯзи матбуоти тоҷик чорабинии тантанавӣ баргузор мешавад. Оғоз: соати 16:00.
ҚУРБИ АСЪОР
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА – 9.7000 сомонӣ;
1 евро – 11.0347 сомонӣ;
1 рубли русӣ – 0.1346 сомонӣ.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Рӯзи матбуоти тоҷик.
1912 – Шумораи нахустини рӯзномаи «Бухорои шариф» бо забони тоҷикӣ ба табъ расид.
2007 – Дар Душанбе Ҳамоиши серӯзаи матбуоти форсизабон ба кор шурӯъ кард.
2008 – Суди олӣ ҳизби «Ҳизб-ут-Таҳрир»-ро ифротгаро эълон намуд.
1897 – Зодрӯзи шоир Мавлоно Холмуҳаммад Ҳасани Кангуртӣ.
1912 – Мавлуди драматург Ғанӣ Абдулло.
1917 – Зодрӯзи нависанда Лутфӣ Саид.
1954 – Мавлуди ҳунарманди театр Соро Сабзалиева.
РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ
Дар ин рӯзи соли 1824 дар ИМА Бюрои умури ҳиндуҳо (индейцы)-и Амрико таъсис дода шуда, аз ҳамин замон ба корҳои идоракунии замину канданиҳои фоиданок ва татбиқи барномаҳои рушди ин халқият машғул шуд.
169 сол пеш дар толори театри “Ла Фениче”-и Венетсия нахустнамоиши операи Ҷузеппе Верди “Риголетто” баргузор шуд.
11 марти соли 1869 ҳангоми саёҳат дар Чин ба табиатшинос ва мубаллиғ (миссионер)-и фаронсавӣ Арман Давид шикорчиёни музофоти Синчуан пӯсти сиёҳу сафеди ҳайвонеро туҳфа карданд, ки бей-шуанг (хирси қафаси синааш сафед) меномиданд.
Имрӯз ин ҳайвон бо номи панда маъруф буда, ба як рамзи миллии чиниҳо табдил ёфтааст. Дар Чин барои куштани панда ҳукми қатл пешбинӣ шудааст. Пандаи бузург ҳамчунин рамзи Бунёди умумиҷаҳонии табиат (WWF) мебошад.
Ҳамин рӯзи соли 1878 дар ҷаласаи Академияи Фаронса ба олимон фонографи Томас Эдисон муаррифӣ шуд, ки як сол пеш барои ихтирои он патент гирифта буд.
ОБУҲАВО
Рӯзҳои 10-12 марти соли ҷорӣ дар ноҳияҳои кӯҳии НТМ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ва шоҳроҳҳои Душанбе-Хуҷанд, Нуробод-Тавилдара фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест.
Дар вилояти Суғд — Ҳавои қисман абрнок, дар водиҳо бе боришоти назаррас (0-0,5мм), дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти суст (борон, барф) ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳои водибуда тумани суст фаромада, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1+6° гарм, рӯзона 10+15 гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7° хунук, рӯзона 1+6° гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон — Ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳои водибуда борони кӯтоҳмуддат борида, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ боришот (борон, барф) ба амал омада, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 2+7° гарм, рӯзона 7+12° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -4+1°, рӯзона 1+6° гарм мешавад.
Дар ВМКБ — Ҳавои абрнок, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона -4+1°, рӯзона 4+9° гарм, дар шарқи вилоят шабона 17-22° хунук, рӯзона 2-7° хунук мешавад.
Дар НТМ — Ҳавои абрнок, дар водиҳо боришоти суст (борон, барфи тар), дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришот (борон, барф) ба амал омада, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1+6° гарм, рӯзона 5+10° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ -4+1°, рӯзона 0+5° гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои абрнок, борони кӯтоҳмуддат борида, тумани суст мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 2+4° гарм, рӯзона 6+8° гарм мешавад.
Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои қисман абрнок, бе боришоти назаррас (0-0,5мм), тумани суст мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 4+6° гарм, рӯзона 12+14° гарм мешавад.
Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои абрнок, борони кӯтоҳмуддат борида, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 4+6° гарм, рӯзона 8+10° гарм мешавад.
Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои абрнок, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 0-2° хунук, рӯзона 6+8° гарм мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


