Соли гузашта интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон тариқи низомҳои пардохт 20% кам шуд

Ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон тавассути низомҳои пардохт дар соли гузашта қариб 20% кам шуд. Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, соли 2019 тариқи низомҳои пардохт аз Русия ба Тоҷикистон 669 млн доллар маблағ фиристода шудааст, ки 166 млн доллар ё худ 20% камтар нисбат ба соли 2018 (835 млн доллар) мебошад. Аммо […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон тавассути низомҳои пардохт дар соли гузашта қариб 20% кам шуд.

Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, соли 2019 тариқи низомҳои пардохт аз Русия ба Тоҷикистон 669 млн доллар маблағ фиристода шудааст, ки 166 млн доллар ё худ 20% камтар нисбат ба соли 2018 (835 млн доллар) мебошад.

Аммо семоҳаи чоруми соли 2019, замони ба кор даромадани Маркази миллии протсессингии Бонки миллии Тоҷикистон оид ба интиқоли маблағ бе кушодани суратҳисоб, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2018 ҳаҷми интиқол қариб 30%: аз 183 млн доллар дар семоҳаи 4-уми соли 2018 то ба 236 млн доллар дар семоҳаи чоруми соли 2019 афзуд.

Ёдовар мешавем, ки аз 3-юми декабри соли гузашта Бонки миллии Тоҷикистон ба фаъолияти Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисоб оғоз бахшид.

Низоми пардохти “Золотая корона”, ки бо тартиби пешина беш аз 80%-и ин бозорро дар даст дошт, пайваст шудан ба Маркази миллии протссесингиро рад карда, амали худро бо он асоснок намуд, ки ин тартиботи нав бар хилофи қонунгузории Русия аст.

Айни замон интиқоли маблағ аз/ба Тоҷикистон тавассути низомҳои “Юнистрим”, “Контакт” ва “Вестерн Юнион” имконпазир аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.