Дар Тоҷикистон шахсонеро меҷӯянд, ки бо ӯзбекистонии сироятёфта ҳамсафар буданд

Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон имрӯз дар иҷлосияи палатаи болоии парлумон хабар дод, ки рӯзи 15-уми март 10 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳавопаймо аз Истанбул ба Тошканд омадаанд. Ба гуфтаи прокурори генералӣ, дар ин ҳавопаймо ҳамон шаҳрванди Ӯзбекистон парвоз дошт, ки баъдан сироятёбии ӯ ба коронавирус тасдиқ шуд. Юсуф Раҳмон афзуд, ки шахсияти 6 тоҷикистонии тавассути ин […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон имрӯз дар иҷлосияи палатаи болоии парлумон хабар дод, ки рӯзи 15-уми март 10 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳавопаймо аз Истанбул ба Тошканд омадаанд.

Ба гуфтаи прокурори генералӣ, дар ин ҳавопаймо ҳамон шаҳрванди Ӯзбекистон парвоз дошт, ки баъдан сироятёбии ӯ ба коронавирус тасдиқ шуд.

Юсуф Раҳмон афзуд, ки шахсияти 6 тоҷикистонии тавассути ин ҳавопаймо парвозкарда муайян гардида, субҳи имрӯз онҳо ба карантин гирифта шуданд.

“Ҷустуҷӯйи боқимонда 4 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон идома дорад”, – илова кард ӯ.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз зимни даромадан ба бинои парлумон ҳамаи воридшудагонро табибон тариқи тепловизор санҷида, дастони ҳар кадомеро бо маҳлули антисептикӣ тоза карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.