Юсуф Раҳмон: Оид ба истирдоди Муҳиддин Кабирӣ ба Душанбе бо кишварҳои ИА гуфтушунид дорем

Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар иҷлосияи палатаи болоии парлумон дар бораи корҳои ҷараёндошта нисбат ба аъзои созмонҳои фаъолияташон дар Тоҷикистон манъшуда маълумот дод. “Дар мавриди боздошт ва ба Душанбе истирдод кардани пешвои созмони террористӣ эътирофшудаи Ҳизби наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо (ИА) гуфтушунид дорем”, – гуфт ӯ. Ёдрас […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар иҷлосияи палатаи болоии парлумон дар бораи корҳои ҷараёндошта нисбат ба аъзои созмонҳои фаъолияташон дар Тоҷикистон манъшуда маълумот дод.

“Дар мавриди боздошт ва ба Душанбе истирдод кардани пешвои созмони террористӣ эътирофшудаи Ҳизби наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо (ИА) гуфтушунид дорем”, – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ҳанӯз соли 2018 Суди олӣ хабар дода буд, ки парвандаи Муҳиддин Кабирӣ ғоибона пушти дарҳои пӯшида баррасӣ мешавад.

Он замон зикр гардида буд, ки Кабирӣ дар содир кардани ҷиноятҳо мутобиқи як қатор моддаҳои Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, аз ҷумла, 107 (Одамкушӣ дар ҳолати аз ҳадди мудофиаи зарурӣ баромадан), 189 (Барангехтани   кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ), 199 (Тасарруфи  яроқ, лавозимоти  ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш), 306 (Бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият), 307 (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии  Тоҷикистон) ва дигар моддаҳо гумонбар дониста мешавад.

Нисбат ба Муҳиддин Кабир ҳамагӣ аз рӯйи 16 моддаи кодекси ҷиноятӣ айбнома пешниҳод шудааст. Ӯ моҳи марти соли 2015 Тоҷикистонро тарк карда, мавриди ҷустуҷӯйи байнулмилалӣ эълон шуд.

Аъзои “Ихвон-ул-муслимин” ҳам ҷустуҷӯ мешаванд

Юсуф Раҳмон дар иҷлосия ҳамчунин хабар дод, ки аз оғози сол дар Тоҷикистон 314 нафар ба гумони узвият дар созмони “Ихвон-ул-муслимин” (Бародарони мусалмон) ошкор ва 154 нафари онҳо ба ҳабс гирифта шудаанд.

“Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон корҳои ошкор ва боздошти боқимонда аъзои созмони фаъолияташ мамнӯъ дар кишварро идома медиҳанд, – қайд кард ӯ. – Миёни боздоштшудагон як корманди дастгоҳи раиси шаҳри Исфара ва наздики 20 нафар омӯзгорони мактабҳои олии гуногуни Тоҷикистон ҳастанд”.

Фаъолияти созмони “Ихвон-ул-муслимин” дар бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла, Тоҷикистон (аз соли 2006) манъ карда шудааст.

Ғайр аз ин, соли гузашта мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар 300 нафар наврасонеро ошкор карданд, ки дар назди ходимони дини маҳаллӣ ғайриқонунӣ таълими динӣ мегирифтанд.

Соли 2019 дар ҷумҳурӣ нисбат ба 214 нафар аз рӯйи далели робита доштан ба фаъолияти равияи динии фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи “Салафия”, ки аз соли 2019 дар Тоҷикистон ифротгаро эътироф шудааст, парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.