Аъзои Маҷлиси миллӣ ба пойтахт додани 7,7 ҳазор га заминҳои ноҳияи Рӯдакиро дастгирӣ карданд

Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон имрӯз аз қарори ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи ба тавозуни пойтахт гузаронидани заминҳои як қатор ҷамоатҳои ноҳияи Рӯдакӣ ҷонибдорӣ кард. Ҳиссаи зиёди қаламрави ҷамоатҳои Чимтеппа (2770,34 га), Сарикиштӣ (1687,64 га), Россия (1305,53 га) ва Гулистон (919,12 га) ба қаламрави Душанбе дохил мешаванд. Узви Маҷлиси миллӣ Муҳаммадюсуф Имомзода зимни иҷлосия зикр кард, ки […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон имрӯз аз қарори ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи ба тавозуни пойтахт гузаронидани заминҳои як қатор ҷамоатҳои ноҳияи Рӯдакӣ ҷонибдорӣ кард.

Ҳиссаи зиёди қаламрави ҷамоатҳои Чимтеппа (2770,34 га), Сарикиштӣ (1687,64 га), Россия (1305,53 га) ва Гулистон (919,12 га) ба қаламрави Душанбе дохил мешаванд.

Узви Маҷлиси миллӣ Муҳаммадюсуф Имомзода зимни иҷлосия зикр кард, ки қисме аз қаламрави ҷамоатҳои Чортеппа (497,36 га), Чоряккорон (477,26 га) ва 2 гектар замини ҷамоати Навобод низ ба тавозуни пойтахт мегузарад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамин тариқ Душанбе ба масоҳати 7 659,25 гектар васеъ шуда, акнун майдони умумии он 20 ҳазору 318,25 гектарро ташкил медиҳад. То 1-уми январи соли 2018 масоҳати қаламрави пойтахт ба 12 ҳазору 659 гектар баробар буд.

Дар қарори ҳукумат “Дар бораи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе”, ки ҳанӯз соли 2017 қабул шудааст, гуфта мешавад, то соли 2025 қаламрави пойтахт ба андозаи 18 ҳазор га, то соли 2040 – 25 ҳазор га ва пас аз соли ба масоҳати 30 ҳазор га васеъ карда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.