Салом алайкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

Date:

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ муқаррар кардааст:

ИЗОБРАЖЕНИЕ

1 доллари ИМА – 10.2125 сомонӣ;

1 евро – 11.1633 сомонӣ;                     

1 рубли русӣ – 0.1287 сомонӣ.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи байнулмилалии китоб барои кӯдакон

1935 – Дар Сталинобод маросими ифтитоҳи сирки аввалин баргузор шуд.

2001 – Дар ҶТ ислоҳоти пулӣ ба итмом расид. Алорағми пешгӯйиҳои шаккокон, сомонӣ бидуни мушкилӣ ва сарусадо рубли русиро иваз кард.

2009 – Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» мавриди амал қарор гирифт.

2019 – Дар Спитамен коргоҳи нави истеҳсоли равған ба истифода дода шуд.

2019 – Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Мушаррафа Қосимова дар синни 102-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.

ЗОДРӮЗ

1935 – Зодрӯзи фарҳангшинос, Корманди шоистаи Тоҷикистон Зайниддин Ҳакимов.

1958 – Мавлуди Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, актёри театру кино Лутфулло Давлатов.

РӮЙДОДҲОИ МУҲИМИ РӮЗ

Рӯзи байнулмилалии китоб барои кӯдакон. Он ҳамасола дар санаи зодрӯзи афсонагӯйи маъруфи Дания Ганс Христиан Андерсен ҷашн гирифта мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

2 апрел Рӯзи байнулмилалии паҳн кардани маълумот дар бораи мушкилоти бемории аутизм аст. Ҳадафи таҷлили ин сана таъкиди зарурати кумак ба шахсоне, ки ба бемории шифонашаванда мубталоянд ва беҳбуди некӯаҳволии онҳост.

Дар ин маводи мо Лола Насриддинова, яке аз аввалин занон дар Тоҷикистон, ки аз ҳуқуқи кӯдакону наврасони гирифтор ба ин нотавонӣ ҳимоят мекунад, дар мавриди ин масъала изҳори назар мекунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

228 сол қабл дар ин рӯз дар Филаделфияи ИМА аввалин сиккахона (тангазанӣ) ба кор даромад, ки то ҳол ин кишварро бо тангаҳои пуӣ таъмин мекунад. Иқтидори шабонарӯзии он ба сикказании то 50 млн тангаҳои арзишашон гуногун баробар аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

2 апрели соли 1833 нашри пурраи романи Александр Пушкин “Евгений Онегин” аз ҷоп баромад. Барои таълифи ин асар Пушкин 7 солу 4 моҳ ва 17 рӯз сарф кард

ИЗОБРАЖЕНИЕ

ОБУҲАВО

Шабонарӯзи наздик дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии ҷумҳурӣ бо истиснои ВМКБ хатари фаромадани сел дар назар буда, дар дарёҳои ҷумҳурӣ баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.

Дар вилояти Суғд — Ҳавои тағйирёбанда, эҳтимолан боришоти нисбатан суст дар назар буда, танҳо шабона дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ дар баъзе ҳолатҳо боришоти суст (борон, барфи тар) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 7+12° гарм, рӯзона 18+23 гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -4+1°, рӯзона 7+12° гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон — Ҳавои тағйирёбанда, шабона ва саҳар дар баъзе ҳолатҳо борон борида, раъду барқ ба амал омада, рӯзона бебориш. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 6+11° гарм, рӯзона 19+24° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 3+8° гарм, рӯзона 10+15° гарм мешавад.

Дар ВМКБ — Ҳавои тағйирёбанда, эҳтимолан боришоти нисбатан суст дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар ғарби вилоят шабона -1+4°, рӯзона 11+16° гарм, дар шарқи вилоят шабона 9-14° хунук, рӯзона 2+7° гарм мешавад.

Дар НТМ — Ҳавои тағйирёбанда, шабона ва саҳар дар ноҳияҳои алоҳида дар баъзе ҳолатҳо борон (дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр барф) борида, рӯзона эҳтимолан боришоти нисбатан суст дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Дар водиҳо шабона 4+9° гарм, рӯзона 17+22° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 0+5° гарм, рӯзона 9+14° гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе — Ҳавои тағйирёбанда, шабона ва саҳар дар баъзе ҳолатҳо борони суст борида, рӯзона бебориш. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона 6+8° гарм, рӯзона 20+22° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд — Ҳавои тағйирёбанда, эҳтимолан боришоти нисбатан суст дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 10-15м/с мевазад. Шабона 8+10° гарм, рӯзона 19+21° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар — Ҳавои тағйирёбанда, шабона ва саҳар дар баъзе ҳолатҳо борон борида, раъду барқ ба амал омада, рӯзона бебориш. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона 8+10 гарм, рӯзона 21+23° гарм мешавад.     

Дар шаҳри Хоруғ — Ҳавои тағйирёбанда, эҳтимолан боришоти нисбатан суст дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Шабона 2+4° гарм, рӯзона 13+15° гарм мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...