Кадбонуҳои Суғд ба наваскарон таому хӯришҳо фиристоданд

Озмуни вилоятии “Кадбонуи беҳтарин” рӯзи 8-уми апрел дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Дар он бонувони ҳунарманд аз 18 шаҳру ноҳия ширкат варзиданд. Иштирокчиёни озмуни маҳорати худро аз рӯйи шартҳои ороиши дастурхон, таҳия ва пешниҳоди таомҳои субҳона, чошт ва шом, ғизонокию фоидабахшии таркиби таом, пухтани хӯрокҳои миллии қадима ва муосир, омодасозии хӯришҳо, сарфаю сариштакорӣ, хамиркунӣ барои нон ва […]

Афзал Босолиев, махсус барои Asia-Plus

Озмуни вилоятии “Кадбонуи беҳтарин” рӯзи 8-уми апрел дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Дар он бонувони ҳунарманд аз 18 шаҳру ноҳия ширкат варзиданд.

Иштирокчиёни озмуни маҳорати худро аз рӯйи шартҳои ороиши дастурхон, таҳия ва пешниҳоди таомҳои субҳона, чошт ва шом, ғизонокию фоидабахшии таркиби таом, пухтани хӯрокҳои миллии қадима ва муосир, омодасозии хӯришҳо, сарфаю сариштакорӣ, хамиркунӣ барои нон ва дигар маҳсулоти ордӣ нишон доданд.

Як фаъолзани шаҳри Хуҷанд Хайриниссо Темирова гуфт: “Баргузории озмуни “Кадбонуи беҳтарин” барои эҳёи таомҳои миллии қадима, бо истифода аз гиёҳҳои шифобахш зебову серғизо таҳия кардани таому хӯришҳо ва омодасозии духтарону бонувон ба ҳаёти оиладорӣ муҳим аст”.

Кадбонуҳои вилоят дар рӯйи 18 миз беш аз 300 намуд хӯрокҳои милливу муосир аз орду гиёҳҳои шифобахш ва дигар маҳсулот, мантуву тушбера, самбӯсаҳои алафию гӯштӣ, оши туппаву бурида, оши палав, оши умоч, ширбиринҷ, кичирӣ, тунукчашӯрбо, шакаробу қурутоб ва монанди инҳоро омодаю пешниҳод карданд.

“Таому хӯриш ва шириниҳои омодакардаи кадбонуҳо пас аз анҷоми чорабинӣ ба Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд барои наваскарон фиристода шуданд”, – иттилоъ дод сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилотяи Суғд Хуршеда Хоҷаева.

Аъзои ҳакамон бо роҳбарии муовини раиси вилоят Зайнура Азимӣ ғолибонро муайян карда, ба 21 нафар сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва туҳфаҳои хотиравӣ супориданд.

Озмуни “Кадбонуи беҳтарин” дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ шуда, мақсад аз он эҳёи таомҳои миллӣ, баланд бардоштани маданияти оиладорӣ, сариштакорӣ ва омода кардани духтарон ба ҳаёти мустақилона арзёбӣ мешавад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.