Ҳукумати Тоҷикистон 31-уми марти соли ҷорӣ дар бораи “аз ҳисоб баровардани қарзҳои беэътимод аз рӯйи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо” қарор қабул кард.
Дар ин қарор дастур дода шудааст, ки қарзҳои ҶСК “Пиллаи тоҷик” ва чор корхонаи фаръии он дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ аз рӯйи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо, ки то 1-уми январи соли 2014 ба вуҷуд омада, то 31-уми декабри соли 2018 пардохт нашудаанд, беътимод дониста, аз ҳисоб бароварда шаванд.
Маблағи умумии қарзҳо аз андозу ҷарима ва фоизҳо, ки бояд аз эътибор соқит дониста шаванд, 4 млн 564 ҳазору 305 сомониро ташкил медиҳад.
Моҳи майи соли гузашта Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ корхонаи асосии пиллапарварии Тоҷикистон – “Пиллаи тоҷик”-ро ба ширкати хусусии “Иттиҳодияи истеҳсолии “Ганҷ” фурӯхт.
Корхона бо нархи қариб 5 млн. сомонӣ (наздики 530 ҳазор доллар) фурӯхта шуд.
Мувофиқи шартҳои тендер “Иттиҳодияи истеҳсолии “Ганҷ” дар муддати як соли пас аз санаи имзои шартнома бояд қарзҳои “Пиллаи тоҷик”-ро ба маблағи умумии беш аз 15,7 млн. сомонӣ пардохт кунад.
Ҳамчунин ширкат дар муддати се сол бояд ба корхонаи харидааш 35 млн. сомонӣ (3,7 млн. доллар) сармоягузорӣ кунад, аз ҷумла, на камтар аз 15 млн. сомонӣ дар муддати як сол.
Ғайр аз ин, молики нави корхона бояд дар муддати се сол ҳаҷми умумии даромади “Пиллаи тоҷик”-ро то 30 млн. сомонӣ афзуда, ҳамчунин 510 ҷойи нави корӣ фароҳам орад.
ҶСК “Пиллаи тоҷик”
Ҷамъият моҳи декабри соли 2013 дар натиҷаи азнавташкилдиҳии КВД «Пилла»-и Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ бо сармояи оинномавӣ дар ҳаҷми 4 млн. 254 ҳазор сомонӣ ташкил шуд. Муассиси он Кумити давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон мебошад. Дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ 39 корхонаҳои саҳҳомии фаръии ширкат амал мекунанд.
Ҳаҷми дороиҳои ширкат 8,6 млн. сомонӣ ва қарзи ҷамъият беш аз 15,7 млн. сомониро ташкил медиҳанд. Сатҳи фарсудашавии воситаҳои асосии корхона ба 68 фоиз баробар аст.
Корхона аз пардохти маош назди Вазорати молия, андоз, Бонки миллии Тоҷикистон, назди ширкатҳои боррасону паймонкорон ва назди дигар субъектҳои хоҷагидорӣ қарздор аст.
Майдони умумии қитъаи замини корхонаи “Пиллаи тоҷик” беш аз 26 гектар ва майдон барои сохтмон зиёда аз 14 гектарро ташкил медиҳад.
Амволи ширкат аз бинои маъмурӣ ва иншооти ёрирасон, анборҳо ва амволи корхонаҳои фаръӣ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ иборат аст. ҶСК “Пиллаи тоҷик” дар ноҳияҳои пиллапарварии кишвар даҳҳо филиал дошта, дафтари кории марказиаш дар шаҳри Душанбе (собиқ “Тоҷикатлас”) воқеъ аст.
Қобили зикр аст, ки замони Иттиҳоди Шӯравӣ пиллапарварӣ яке аз бахшҳои муваффақи соҳаи кишоварзии Тоҷикистон шуморида мешуд.
ҶДММ “Корхонаи истеҳсолии “Ганҷ”
Корхонаи бузурги истеҳсоли равғани рустанӣ дар Тоҷикистон дар ҷамоати Бӯстон-Қалъаи ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон воқеъ буда, моҳи марти ҳамин сол бо ҳузури раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт.
Барои сохтмони корхона беш аз 8,5 млн. сомонӣ масраф шуда, иқтидори солонаи он ба коркарди 35 ҳазор тонна офтобпарасту зағир ва рапсу масҳар, истеҳсоли 10 ҳазор тонна равғани рустанӣ ва 21 ҳазор тонна кунҷора баробар аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

