Қарзҳо аз андози корхонаи хусусии пиллапарварии Тоҷикистон бахшида мешаванд

Ҳукумати Тоҷикистон 31-уми марти соли ҷорӣ дар бораи “аз ҳисоб баровардани қарзҳои беэътимод аз рӯйи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо” қарор қабул кард. Дар ин қарор дастур дода шудааст, ки қарзҳои ҶСК “Пиллаи тоҷик” ва чор корхонаи фаръии он дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ аз рӯйи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо, ки то 1-уми январи соли 2014 ба вуҷуд […]

Ҳукумати Тоҷикистон 31-уми марти соли ҷорӣ дар бораи “аз ҳисоб баровардани қарзҳои беэътимод аз рӯйи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо” қарор қабул кард.

Дар ин қарор дастур дода шудааст, ки қарзҳои ҶСК “Пиллаи тоҷик” ва чор корхонаи фаръии он дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ аз рӯйи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо, ки то 1-уми январи соли 2014 ба вуҷуд омада, то 31-уми декабри соли 2018 пардохт нашудаанд, беътимод дониста, аз ҳисоб бароварда шаванд.

Маблағи умумии қарзҳо аз андозу ҷарима ва фоизҳо, ки бояд аз эътибор соқит дониста шаванд, 4 млн 564 ҳазору 305 сомониро ташкил медиҳад.

Моҳи майи соли гузашта Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ корхонаи асосии пиллапарварии Тоҷикистон – “Пиллаи тоҷик”-ро ба ширкати хусусии “Иттиҳодияи истеҳсолии “Ганҷ” фурӯхт.

Корхона бо нархи қариб 5 млн. сомонӣ (наздики 530 ҳазор доллар) фурӯхта шуд.

Мувофиқи шартҳои тендер “Иттиҳодияи истеҳсолии “Ганҷ” дар муддати як соли пас аз санаи имзои шартнома бояд қарзҳои “Пиллаи тоҷик”-ро ба маблағи умумии беш аз 15,7 млн. сомонӣ пардохт кунад.

Ҳамчунин ширкат дар муддати се сол бояд ба корхонаи харидааш 35 млн. сомонӣ (3,7 млн. доллар) сармоягузорӣ кунад, аз ҷумла, на камтар аз 15 млн. сомонӣ дар муддати як сол.

Ғайр аз ин, молики нави корхона бояд дар муддати се сол ҳаҷми умумии даромади “Пиллаи тоҷик”-ро то 30 млн. сомонӣ афзуда, ҳамчунин 510 ҷойи нави корӣ фароҳам орад.

ҶСК “Пиллаи тоҷик”

Ҷамъият моҳи декабри соли 2013 дар натиҷаи азнавташкилдиҳии КВД «Пилла»-и Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ бо сармояи оинномавӣ дар ҳаҷми 4 млн. 254 ҳазор сомонӣ ташкил шуд. Муассиси он Кумити давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон мебошад. Дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ 39 корхонаҳои саҳҳомии фаръии ширкат амал мекунанд.

Ҳаҷми дороиҳои ширкат 8,6 млн. сомонӣ ва қарзи ҷамъият беш аз 15,7 млн. сомониро ташкил медиҳанд. Сатҳи фарсудашавии воситаҳои асосии корхона ба 68 фоиз баробар аст.

Корхона аз пардохти маош назди Вазорати молия, андоз, Бонки миллии Тоҷикистон, назди ширкатҳои боррасону паймонкорон ва назди дигар субъектҳои хоҷагидорӣ қарздор аст.

Майдони умумии қитъаи замини корхонаи “Пиллаи тоҷик” беш аз 26 гектар ва майдон барои сохтмон зиёда аз 14 гектарро ташкил медиҳад.

Амволи ширкат аз бинои маъмурӣ ва иншооти ёрирасон, анборҳо ва амволи корхонаҳои фаръӣ дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ иборат аст. ҶСК “Пиллаи тоҷик” дар ноҳияҳои пиллапарварии кишвар даҳҳо филиал дошта, дафтари кории марказиаш дар шаҳри Душанбе (собиқ “Тоҷикатлас”) воқеъ аст.

Қобили зикр аст, ки замони Иттиҳоди Шӯравӣ пиллапарварӣ яке аз бахшҳои муваффақи соҳаи кишоварзии Тоҷикистон шуморида мешуд.

ҶДММ “Корхонаи истеҳсолии “Ганҷ”

Корхонаи бузурги истеҳсоли равғани рустанӣ дар Тоҷикистон дар ҷамоати Бӯстон-Қалъаи ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон воқеъ буда, моҳи марти ҳамин сол бо ҳузури раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт.

Барои сохтмони корхона беш аз 8,5 млн. сомонӣ масраф шуда, иқтидори солонаи он ба коркарди 35 ҳазор тонна офтобпарасту зағир ва рапсу масҳар, истеҳсоли 10 ҳазор тонна равғани рустанӣ ва 21 ҳазор тонна кунҷора баробар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.