Мушкилоти ҳалталаби Тоҷикистон дар баррасии раисҷумҳур бо масъулин

Рафъи оқибатҳои вазъи фавқулоддаи боду ҳаво, кишти такрорӣ ва таъмини бозори истеъмолии аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ, инчунин пешгирии бемории сироятии коронавирус дар Тоҷикистон зимни суҳбати телефонии президент бо раисони як қатор вилоёту шаҳру навоҳӣ баррасӣ шудааст. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, 9-уми апрел Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, ноҳияҳои […]

Asia-Plus

Рафъи оқибатҳои вазъи фавқулоддаи боду ҳаво, кишти такрорӣ ва таъмини бозори истеъмолии аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ, инчунин пешгирии бемории сироятии коронавирус дар Тоҷикистон зимни суҳбати телефонии президент бо раисони як қатор вилоёту шаҳру навоҳӣ баррасӣ шудааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, 9-уми апрел Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш, Панҷ, Фархор ва Хуросонро оид ба рафти тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ, кишту кори баҳорӣ ва бартарафсозии оқибатҳои боду ҳавои номусоиди рӯзҳои охир шунидаааст.

Ӯ ба раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо доир ба вусъати кишту кори баҳорӣ, истифодаи самараноки замин ва таъмини фаровонии бозори истеъмолии аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ супоришҳои қатъӣ додааст.

Бо назардошти вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ раисҷумҳур ба ҳукумати Тоҷикистон ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо супориш дод, ки нақшаи ҷумҳуриявии кишти зироатҳо, бахусус, майдони кишти картошкаро 40 фоиз ва майдони кишти такрориро аз ҳисоби ғалладонагиҳо, лӯбиёгиҳо ва макаи дон то 60 фоиз зиёд кунанд. 

Сарвари давлат дастур додааст, ки вобаста ба вазъи фавқулоддаи боду ҳаво барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, аз ҷумла, пешгирии хавфи омадани сел ва обхезиҳо корҳои соҳилмустаҳкамкуниро ба роҳ монанд.

Супоришҳои дигар ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ оид ба тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист ва риояи гигиенаи шахсӣ дода шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Русия ҳудуди 6 ҳазор муҳоҷирро аз қаламраваш ихроҷ мекунад

Онҳо пас аз рейдҳои мақомоти Русия аз ин кишвар ронда мешаванд.

Гарду ғубор дар Тоҷикистон. Вазорати тандурустӣ гуфт, чӣ гуна худро аз хокбориш ҳифз кард

Ҳавои ғуборолуд дар кишвар солҳои охир ба як ҳолати маъмулӣ табдил ёфтааст.

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.