Ҷарима барои гузаронидани тӯйи арусӣ дар Турсунзода

Суди шаҳри Турсунзода як сокини ин шаҳрро барои гузаронидани тӯйи духтараш бе қайд дар мақомоти ваколатдор ба маблағи 5800 сомонӣ ҷарима кардааст. Тибқи иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, Ҳикматулло Болтаев хилофи талаботи қисми 1 моддаи 10-и Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Точикистон” амал кардаааст. Ӯ шоми 24-уми январи соли […]

Суди шаҳри Турсунзода як сокини ин шаҳрро барои гузаронидани тӯйи духтараш бе қайд дар мақомоти ваколатдор ба маблағи 5800 сомонӣ ҷарима кардааст.

Тибқи иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, Ҳикматулло Болтаев хилофи талаботи қисми 1 моддаи 10-и Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Точикистон” амал кардаааст. Ӯ шоми 24-уми январи соли ҷорӣ бе қайд дар мақомоти ваколатдор аз соати 17:30 то 18:40 зиёда аз 35 касро ба хонааш даъват карда, ба муносибати тӯйи арӯсии духтараш Сурайё Болтаева зиёфат додааст.

Номбурда ҳамчунин 25-уми январ аз сармутахассиси ҷамоати деҳоти Қаратоғ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим тавсиянома барои гузаронидани оши арӯсии духтараш аз соати 16:00 то 19:00 гирифта, хилофи талаботи қонун такроран ба мардум зиёфат додааст.

Гуфта мешавад, ки ҳангоми гузаронидани санҷиши прокурорӣ ин қонунвайронкунӣ ошкор шудааст.

Нисбат ба Болтаев Ҳ.Ҳ. 28-уми январ аз тарафи прокурори шаҳри Турсунзода бо моддаи 481 қисми 1 (Риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ парванда оғоз ва барои баррасӣ ба суд ирсол карда шуд.

Бо қарори суд номбурда бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ ба андозаи 100 нишондиҳанда (5800 сомонӣ) ҷарима шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.