Донишгоҳи ба номи Носири Хусрав ба истеҳсоли ниқоб шурӯъ кард

Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав дар заминаи як синфхонаи дӯзандагӣ ба истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ оғоз кардааст. Декани факултаи технологияи ин донишгоҳ Файзиддин Муродов гуфт, ки бо назардошти вазъи баамаломада тасмим гирифтем, бо истифода аз синфхонаи дӯзандагии факулта барои донишҷӯён ва омӯзгорону кормандони техникии донишгоҳ истеҳсоли ниқоби тиббиро ба роҳ монем. “Дар ин синфхона ё […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав дар заминаи як синфхонаи дӯзандагӣ ба истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ оғоз кардааст.

Декани факултаи технологияи ин донишгоҳ Файзиддин Муродов гуфт, ки бо назардошти вазъи баамаломада тасмим гирифтем, бо истифода аз синфхонаи дӯзандагии факулта барои донишҷӯён ва омӯзгорону кормандони техникии донишгоҳ истеҳсоли ниқоби тиббиро ба роҳ монем.

“Дар ин синфхона ё коргоҳи дӯзандагии мо донишҷӯёне, ки дар хобгоҳи донишгоҳ зиндагӣ мекунанд, баъд аз дарс кор мекунанд. Дар як рӯз то 500 ниқоб истеҳсол мешавад. Намунаи ниқоби тиббиро бо сарраёсатӣ Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон мувофиқа кардем. Дар ин сех 15 нафар донишҷӯдухтарон кор мекунанд. То имрӯз мо тавонистем 3 факултаро бо ниқобҳои истеҳсоли худӣ таъмин кунем ва ба навбат дигар факултаҳоро низ таъмин хоҳем кард”, – иброз дошт Муродов. 

Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи маҳсулот барои омода кардани ниқоб аз тарафи донишгоҳ таъмин карда мешавад.

“Бо ташкили ин коргоҳ донишҷӯдухтарон ҳам касби дӯзандагиро аз худ мекунанд ва ҳам донишгоҳро бо ниқобҳои тиббӣ таъмин месозанд”, – афзуд декани факулта.

Қобили зикр аст, ки дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав 9 ҳазору 762 нафар донишҷӯёни бахши рӯзона таҳсил ва 941 нафар устодону кормандони техникӣ фаъолият мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.