Мулоқоти гурӯҳи кории пешгирӣ аз короновирус дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Барои тадбирҳои пешгирӣ аз короновирус дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ ҷаласаи гурӯҳи корӣ бо иштироки намояндагони вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, корҳои дохилӣ, ҳамчунин Муассисаи давлатии манзиливу комуналӣ баргузор гардид. Тибқи итттилои КҲФ, дар ҷаласа дар бораи чораҳои коҳиши хатари густариши коронавирус ва теъдоди шахсоне, ки дар карантин қарор доранд, […]

Барои тадбирҳои пешгирӣ аз короновирус дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ ҷаласаи гурӯҳи корӣ бо иштироки намояндагони вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, корҳои дохилӣ, ҳамчунин Муассисаи давлатии манзиливу комуналӣ баргузор гардид.

Тибқи итттилои КҲФ, дар ҷаласа дар бораи чораҳои коҳиши хатари густариши коронавирус ва теъдоди шахсоне, ки дар карантин қарор доранд, маълумот дода шуд. Зикр гардид, ки Кумита якҷо бо Вазорати тандурустӣ аз тариқи воситаҳои ахбор корҳои иттилоотӣ ва паёмрасониро роҳандозӣ кардаанд. Ҳамчунин барои пурсишҳои саривақтии аҳолӣ рақами кӯтоҳи телефонии 511 фаъол шудааст.

Дар ин ҷаласа намояндаи Муассисаи давлатии манзилию комуналӣ маълумот додааст, ки ҳар рӯз дар нақлиёти шаҳрӣ қабл аз оғози фаъолияташон корҳои беҳдоштӣ гузаронида шуда, дар ҷойҳое, ки маъмулан одамон зиёд равуо мекунанд, аз ҷумла, дар бозорҳо, марказҳои савдо, майдончаҳои бозии кӯдакон низ корҳои дезинфексионӣ роҳандозӣ мешаванд.

Ҳамчунин масъалаҳои марбут ба мутобиқ гардонидани катҳои беморӣ дар муассисаҳои тиббӣ барои муолиҷаи беморони эҳтимолии короновирус, рафти харидории таҷҳизоти зарурии тиббӣ ва доруворию воситаҳои кимиёвӣ баррасӣ шуданд.

Зикр гардид, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ва маркази вилоёт ситодҳо фаъолият дошта, нуқтаҳои карантинӣ ва озмоишгоҳҳо мавҷуданд, ки барои гузаронидани ташхиси коронавирус омодаанд. Ҳамчунин навбатдории шабонарӯзӣ ташкил карда шудааст.

Дар поёни ҷаласа қарор қабул шуд, ки ҳамоҳангсозии амалҳо дар доираи Системаи ягонаи пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода идома хоҳад ёфт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.