Тартиби муваққатии ҳамлу нақли байнулмилалӣ дар Тоҷикистон

Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар медиҳад, ки ба мақсади татбиқи чораҳои фаврӣ бобати пешгирии сироят ва шуюи коронавируси COVID-19 тартиби муваққатии танзими ҳамлу нақли байнулмилалӣ тавассути нақлиёти боркаши автомобилӣ дар Тоҷикистон ҷорӣ шудааст. Тибқи тартиби муваққатӣ, ҳаракати нақлиёти боркаши байнулмилалии автомобилӣ ва ронандагони онҳо то терминалҳои наздисарҳадии фаъолияткунанда ва дар ҳолати мавҷуд набудани чунин терминалҳо то […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар медиҳад, ки ба мақсади татбиқи чораҳои фаврӣ бобати пешгирии сироят ва шуюи коронавируси COVID-19 тартиби муваққатии танзими ҳамлу нақли байнулмилалӣ тавассути нақлиёти боркаши автомобилӣ дар Тоҷикистон ҷорӣ шудааст.

Тибқи тартиби муваққатӣ, ҳаракати нақлиёти боркаши байнулмилалии автомобилӣ ва ронандагони онҳо то терминалҳои наздисарҳадии фаъолияткунанда ва дар ҳолати мавҷуд набудани чунин терминалҳо то минтақаи назорати гумрукии дидбонгоҳҳои гумрукии сарҳади давлатӣ иҷозат дода шуда, дар минтақаи мазкур барасмиятдарории гумрукӣ анҷом дода мешавад.

Дар ҳолати дар нақлиёти боркаши автомобилӣ мавҷуд будани ядак (притсеп) ва нимядаки ҷудошаванда, молҳои воридшаванда аз сарҳад то маҳалли таъйинот тариқи ядаккашҳои ватанӣ интиқол дода мешаванд. Пас аз барасмиятдарории гумрукии молҳо, баргардонидани ядак ва нимядакҳои хориҷӣ таҳти назорати гумрукӣ то минтақаи назорати гумрукии дидбонгоҳҳои гумрукии сарҳад ва ё терминалҳои наздисарҳадӣ амалӣ мегардад.

Дар ҳолатҳои истисноӣ тибқи мувофиқаи пешакӣ бо Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҳаракати нақлиёти автомобилӣ бо борҳои таъйиноти махсус барои иншоотҳои стратегӣ ва кумаки башардӯстона бо таъмини мушоияти гумрукӣ ва назорати карантинӣ то нуқтаҳои таъйинотӣ сурат мегирад.

Ҳамлу нақли байнулмилалии транзитӣ тариқи ҳудуди Тоҷикистон таҳти мушоияти гумрукӣ бо истифодаи воситаҳои нақлиёти алоҳида дар мувофиқа бо масъулони назорати вазъияти беҳдоштию эпидемиологӣ амалӣ мегардад.

Барасмиятдарории гумрукии молҳои ба Тоҷикистон воридшаванда, ба ғайр аз молҳое, ки бо ядакҳо ва нимядакҳо интиқол дода мешаванд, дар терминалҳои наздисарҳадӣ анҷом меёбад.

“Тартиби мазкур муваққатӣ буда, пас аз ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ бекор карда мешавад”, – навиштааст Вазорати корҳои хориҷии ҶТ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.