Беш аз 50 муроҷиат дар як рӯз. Аз хати фаъоли Вазорати тандурустӣ чӣ мепурсанд?

Ба рақами шабонарӯзӣ фаъоли “511”-и Маркази иттилоотӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо сирояти коронавирус дар як рӯз беш аз 50 нафар шаҳрвандон барои дарёфти маълумоти гуногун занг мезананд. “Ба мо дар як рӯз зиёда аз 50 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон занг мезананд ва ҳамаи онҳо ба суолҳояшон дар бораи вазъи коронавирус дар кишвар ва ҷаҳон посух […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Ба рақами шабонарӯзӣ фаъоли “511”-и Маркази иттилоотӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо сирояти коронавирус дар як рӯз беш аз 50 нафар шаҳрвандон барои дарёфти маълумоти гуногун занг мезананд.

“Ба мо дар як рӯз зиёда аз 50 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон занг мезананд ва ҳамаи онҳо ба суолҳояшон дар бораи вазъи коронавирус дар кишвар ва ҷаҳон посух мегиранд”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ин Марказ.

Ба иттилои манбаъ, одамон ба масъалаҳои кай ба охир расидани карантин дар дигар кишварҳо ва кай боз шудани парвози ҳавопаймоҳо ба самти Тоҷикистон бештар таваҷҷуҳ доранд.

“Инчунин дар бораи одамоне мепурсанд, ки дар Тоҷикистон ба карантин гирифта шудаанд. Мо дар посух ба ин суолҳо маълумоти расмӣ пешниҳод мекунем. Танзимгарон (диспетчерҳо)-и мо шабонарӯзӣ фаъолият доранд”, – қайд карданд дар марказ.

Ба гуфтаи кормандон, Марказ дар бинои Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Вазорати тандурустӣ ҷойгир аст.

Ёдрас мекунем, ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон охири моҳи март хати шабонарӯзӣ фаъоли телефони Маркази иттилоотӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо сирояти коронавирусро боз кард.

Бо чидани рақами 511 шаҳрвандони Тоҷикистон доир ба масъалаҳои марбут ба коронавирус маълумоти зарурӣ дарёфт карда метавонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.