Рӯзноманигор Далер Шарифов ба як соли зиндон маҳкум шуд

Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе имрӯз, 16-уми апрел рӯзноманигор Далер Шарифовро ба 1 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард. Тавре Абдуманнон Шарифов, ҳимоятгари ӯ хабар дод, айбдоркунандаи давлатӣ аз додрас дархост кард, ки Далер 2 солу 4 моҳ зиндонӣ шавад, лекин бо назардошти ҳолатҳои сабуккунанда, додрас ба муҳлати камтар ӯро маҳкум кард. “Се ҳолати сабуккунанда: бори авввал содир […]

Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе имрӯз, 16-уми апрел рӯзноманигор Далер Шарифовро ба 1 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард.

Тавре Абдуманнон Шарифов, ҳимоятгари ӯ хабар дод, айбдоркунандаи давлатӣ аз додрас дархост кард, ки Далер 2 солу 4 моҳ зиндонӣ шавад, лекин бо назардошти ҳолатҳои сабуккунанда, додрас ба муҳлати камтар ӯро маҳкум кард.

“Се ҳолати сабуккунанда: бори авввал содир кардани ҷиноят, сидқан пушаймон шудан ва дар тарбия кӯдакони хурдсол доштанаш ба инобат гирифта шуд”, – хабар дод адвокат.

Вай афзуд, ки Далер Шарифов дар сухани ниҳоии худ айбномаро мутобиқи моддаи 189 КҶ ҶТ (Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ) эътироф накард.

“Ӯ изҳор дошт, ки аз рӯйи ин модда худро гунаҳкор намешуморад, лекин иқрор шуд, ки дар китобаш ба иштибоҳ роҳ додааст. Ӯро барои таҳияи китоб маҳкум карданд”, – афзуд адвокат.

Ба қавли ҳимоягар, ӯ аз суд дархост кардааст, ки Шарифов аз толори суд озод шавад. Аммо суд қарори худро содир кард.

“Далер изҳор дошт, ки аз қарори суд шикоят надорад. Дар ин масъала ман бо ӯ вомехӯрам ва шояд зерҳимояам фикрашро тағйир диҳад”, – гуфт адвокат.

Падари Далер пас аз эълони ҳукм изҳори таассуф кард: “Орзу доштам, ки писарам имрӯз аз толори суд озод шуда, ба назди оилаи худ бармегардад. Мутаассифона, ин тавр нашуд”, – гуфт ӯ ба рӯзноманигорон.

Ҳомии ҳуқуқи маъруфи тоҷик Ойниҳол Бобоназарова ҳукм нисбат ба журналистро “ногаҳонӣ” унвон кард.

“Чун айбномаҳо тасдиқ нашуданд, чӣ гуна нисбат ба Далер Шарифов ҳукм содир карда тавонистанд? Суд озод набуд. Мо 3 рӯз дар ҳамин ҷо будем, вале ба толори мурофиа роҳ надоданд. Вақте мурофиаи додгоҳӣ ба охир расид, танҳо маро ду дақиқа иҷозат доданд ва даромада, бо Далер салом кардам. Албатта, ин таассуфовар аст”, – гуфт ӯ ба журналистон.

Ойниҳол Бобоназарова инчунин зикр кард, ки бори нахуст пас аз танаффуси тӯлонӣ мебинад, чӣ гуна рӯзноманигорон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ муттаҳид шуда, озодии ҳамкори худро талаб мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзноманигор Далер Шарифов 28-уми январи соли равон боздошт гардид ва 24-уми март нисбат ба ӯ бо иттиҳоми барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ айбнома эълон шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.