“Тоҷикгидроэлектромонтаж” ба Раёсати тандурустии Душанбе бо таҳҷизоти тиббӣ кумак кард

Рӯзи 16 апрел ҶСК “Тоҷикгидроэлектромантаж”ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус як миқдор молу мавод ва таҷҳизоти тиббӣ, аз ҷумла дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, тестҳо барои муайян кардани сирояти коронавирус ва либосҳои муҳофизатӣ барои кормандони соҳаи тандурустӣ  ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе тақдим кардааст. Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Тоҷикистон Саида […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Рӯзи 16 апрел ҶСК “Тоҷикгидроэлектромантаж”ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус як миқдор молу мавод ва таҷҳизоти тиббӣ, аз ҷумла дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, тестҳо барои муайян кардани сирояти коронавирус ва либосҳои муҳофизатӣ барои кормандони соҳаи тандурустӣ  ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе тақдим кардааст.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Тоҷикистон Саида Умарзода зимни супоридани молу мавод ва  таҷҳизоти тиббии мазкур иброз намуд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президент Эмомалӣ Раҳмон Вазорати тандурустӣ дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо ҷиҳати пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ба мамлакат корҳои назаррасро  амалӣ намуда истодааст.

Номбурда ҳамзамон иброз намуд, ки айни замон бо мақсади пешгирии интиқоли сирояти коронавирус дар мамлакат Ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуда, нақшаи чорабиниҳои мукаммал дар вазорату идораҳо мавриди амал қарор доранд.

“Хурсандиовар аст, ки имрӯз бисёр вазорату идораҳои мамлакат дар якҷоягӣ баҳри пешгирии интиқоли ин вирус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти пурсамар доранд”, – иброз дошт ӯ.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои президент Эмомалӣ Раҳмон  ва инчунин тибқи супориши Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ корхонаи “Тоҷикгидроэлектромонтаж” иқдом гирифт, ки аз Ҷумҳурии  Мардумии Чин ба маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ  молу мавод ва таҷҳизоти тиббии заруриро харидорӣ ва ба соҳаи тандурустии мамлакат  тақдим намояд.

Ин иқдоми ҷамъияти мазкур имрӯз амалӣ карда шуд. Маҷмӯи  молу мавод ва таҷҳизоти зикршуда, ки айни замон ба соҳаи тандурустӣ тақдим карда шуданд, аз 10 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, беш аз 20 ҳазор тестҳо барои муайян кардани сирояти коронавирус ва инчунин 500 адад либосҳои муҳофизатӣ барои кормандони соҳаи тандурустии  мамлакат  иборат мебошанд.

“Ман аз номи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромантаж” барои чунин кӯмаки беғаразонаашон дар ин лаҳзаҳои басо муҳим самимона изҳори миннатдорӣ баён менамоям”,- афзуд муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  ҷумҳурӣ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.