Донишҷӯи Донишгоҳи аграрӣ дар рӯди Душанбе ғарқ шуд

Имрӯз ҷасади донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, ки дирӯз дар рӯди Душанбе ғарқ шуд, дарёфт гардид. Ба иттилои КҲФ, ин донишҷӯй 22 сол дошта, сокини ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд мебошад ва дар хобгоҳи ҳамин донишгоҳ истиқомат мекардааст. Номбурда дирӯз 16 апрел дар шафати Маҷмааи варзишии “Қасри тенис”, хиёбони Ҳ. Шерозии ноҳияи И. Сомонӣ  ҳангоми […]

Имрӯз ҷасади донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, ки дирӯз дар рӯди Душанбе ғарқ шуд, дарёфт гардид.

Ба иттилои КҲФ, ин донишҷӯй 22 сол дошта, сокини ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд мебошад ва дар хобгоҳи ҳамин донишгоҳ истиқомат мекардааст. Номбурда дирӯз 16 апрел дар шафати Маҷмааи варзишии “Қасри тенис”, хиёбони Ҳ. Шерозии ноҳияи И. Сомонӣ  ҳангоми убур аз болои қубури обгузари рӯди Душанбе сарозер шудаву дар оби пурталотуми дарё ғарқ шудааст.

Бегоҳии рӯзи 16-уми апрел, соати 19:10 дақиқа шаҳрванд Алишер Оймаҳмадов ба навбатдори фаврии Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе хабар  дод, ки як нафар ҳангоми убур аз болои қубури обгузари рӯди Душанбе сарозер шудаву дар оби дарё ғарқ шудааст. Мавсуф гуфтааст, ки шоҳид буд, ки ин ҳодиса соати 18:30 дақиқа рух дод.

Гурӯҳи зудамали наҷот фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуд. Корҳои ҷустуҷӯи ҷасад то соати 22:30 дақиқа идома кард. Вале бенатиҷа.

Аммо субҳи имрӯз ғаввосони наҷотбахши Раёёсати кумита корҳои ҷустуҷӯиро аз сар гирифтанд ва ҷасад пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.