Маҳдудият барои нақлиёти гаронвазн дар роҳи Душанбе – Чаноқ

Шурӯъ аз 1-уми май дар роҳи автомобилгарди Душанбе – Чаноқ, ки минтақаи шимоли Тоҷикистонро бо марказ мепайвандад, барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт маҳдудиятҳои мавсимӣ ҷорӣ мешаванд. Тавре маркази матбуоти филиали IRS дар Тоҷикистон хабар медиҳад, маҳдудият ба воситаҳои нақлиёти гаронвазн дахл дошта, ба ҳар як тири пешбаранда на зиёда аз 6 тонна пешбинӣ шудааст. Аз соати […]

Asia-Plus

Шурӯъ аз 1-уми май дар роҳи автомобилгарди Душанбе – Чаноқ, ки минтақаи шимоли Тоҷикистонро бо марказ мепайвандад, барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт маҳдудиятҳои мавсимӣ ҷорӣ мешаванд.

Тавре маркази матбуоти филиали IRS дар Тоҷикистон хабар медиҳад, маҳдудият ба воситаҳои нақлиёти гаронвазн дахл дошта, ба ҳар як тири пешбаранда на зиёда аз 6 тонна пешбинӣ шудааст. Аз соати 10:00 то 20:00 ҳаракати ин навъи нақлиёт дар роҳ манъ карда мешавад.

“Икдоми мазкур ҷиҳати иҷрои талаботи Қарори Ҳукумати ҶТ «Оид ба ҷорӣ намудани маҳдудияти мавсимии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои истифодаи умум» амалӣ шуда, ҷиҳати эмин нигоҳ доштани роҳ аз вайроншавии пеш аз муҳлат ва таъмини бехатарии мусофирону ронандагон ва воситаҳои нақлиёт шароит фароҳам меорад”, – қайд мешавад дар маълумоти ширкат.

Гуфта мешавад, бинобар аз ҷониби баъзе ронандагон риоя нашудани талаботи мавҷуда, ки ба ҳамлу нақли бор тавассути мошинҳои гаронвазн дахл дорад, вайроншавии баъзе қитъаҳои роҳи Душанбе-Чаноқ ба вуҷуд ва зарурати таъмири кулли аксар минтақаҳои роҳ ба миён омадааст.

Зикр мешавад, ки чунин иқдом на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар аксари мамлакатҳои олам роиҷ буда, натиҷаҳои хуб ба бор овардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.