Аввалин бонки исломии Тоҷикистон аз реҷаи номусоиди андозбандӣ шикоят дорад

Монеаҳои андозбандӣ ва қонунгузорӣ ба рушди маблағгузории исломӣ монеа эҷод мекунанд. Дар ин бора хадамоти матбуоти ҶСК “Тавҳидбонк” хабар медиҳад. “Бо вуҷуди номукаммал будани қонугузорӣ ва реҷаи номусоиди андозбандӣ барои амалисозии нахустин модели тиҷоратии бонки исломӣ дар кишвар, “Тавҳидбонк” ҳаҷми сандуқи маблағгузорӣ (сандуқи қарзӣ) ва сандуқи амонатгузории худро пайваста меафзояд”, – қайд мешавад дар хабари […]

Монеаҳои андозбандӣ ва қонунгузорӣ ба рушди маблағгузории исломӣ монеа эҷод мекунанд. Дар ин бора хадамоти матбуоти ҶСК “Тавҳидбонк” хабар медиҳад.

“Бо вуҷуди номукаммал будани қонугузорӣ ва реҷаи номусоиди андозбандӣ барои амалисозии нахустин модели тиҷоратии бонки исломӣ дар кишвар, “Тавҳидбонк” ҳаҷми сандуқи маблағгузорӣ (сандуқи қарзӣ) ва сандуқи амонатгузории худро пайваста меафзояд”, – қайд мешавад дар хабари дафтари матбуоти бонк.

Гуфта мешавад, истифодаи усули маблағгузории исломӣ нишон дод, ки реҷаи андозбандии мавҷуда ба рушди босуръати ҳаҷми маблағгузорӣ ба субъектҳои иқтисодӣ аз ҷониби “Тавҳидбонк” имкон намедиҳад.

“Имконоти молиявии мавҷуда ва захираҳои озоди “Тавҳидбонк” барои маблаггузории фаъол (қарздиҳӣ) ба субъектҳои иқтисоди миллӣ кофист, аммо номукаммалии санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва реҷаи андозбандӣ ба истифодаи имконоти сармоягузорӣ ва молиявии бонк баҳри рушди иқтисод ва некӯаҳволии мардум дар чунин давраи душвор шароит фароҳам намеорад”, – таъкид месозанд дар бонк.

Дар “Тавҳидбонк” мутмаинанд, ки дар сурати ҳаллу фасли мушкилоти мазкур бонк бидуни ҷалби захираҳои беруна метавонад яке аз сармоягузорони фаъол барои иқтисоди миллӣ бошад.

Бо назардошти эҳтиёҷи шадиди иқтисоди миллӣ ба захираҳои сармоягузорӣ ва қарзӣ дар шароити пандемияи COVID-19 ва таназзули иқтисоди ҷаҳон, “Тавҳидбонк” баробар кардани тартиби андозбандии бонкҳои исломиро бо андозбандии бонкҳои маъмулӣ пешниҳод месозад.

Бонк дархост мекунад, ки аз амалиёти бонкҳои исломии вобаста ба хариду фурӯши дороиҳо (Муробаҳа, Табаррук, Иҷора, Салом, Истисно ва ғайра) андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ситонида нашавад.

Ғайр аз ин дар “Тавҳидбонк” пешниҳод кардаанд, ки то қабули тағйироти дахлдор ба Кодекси андоз амалиёти бонки исломӣ бо амалиёти молиявие, ки номгӯйи онҳо аз ҷониби Вазорати молия дар мувофиқа бо Бонки миллии Тоҷикистон ва мақомоти ваколатдори давлатӣ муайн карда мешавад, муваққатан баробар шавад.

“Бо мақсади пешгирии андозбандии дукарата ва муҳайё сохтани шароиту ҳуқуқи баробар бо бонкҳои маъмулӣ, ба бисёре аз кишварҳои Ғарб лозим омад, ки низоми андозбандии худро мутобиқ кунанд, то ки ба бонкҳои исломӣ ҷиҳати рушди хизматрасонӣ ва маҳсулоти худ бо ҷалби сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ имкон дода шавад. Мо бояд имконоти воситаҳои бонкинги исломиро баҳри рушди иқтисоди миллӣ ва беҳбуди некӯаҳволии мардум истифода кунем”, – илова карданд дар бонки мазкур.

ҶСК “Тавҳидбонк” аввалин ва ягона бонки мукаммали исломӣ дар Тоҷикистон аст, ки ба амалисозӣ ва истифодаи маблағгузории исломӣ дар доираи қонунҳои ҷории ҷумҳурӣ ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Бонки милии ҷумҳурӣ оғоз кард.

Ба амалиёти фаъоли маблағгузории исломӣ  ҶМК “Тавҳидбонк” аз моҳи январи соли 2020 шурӯъ кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.