Таъини сардухтури нав дар беморхонаи вилоятии Суғд

Сардухтури беморхонаи вилоятии Суғд Собирҷон Собиров аз вазифааш озод шуд. Тавре ба “Азия-Плюс” худи Собирҷон Собиров хабар дод, “ӯ бо хоҳиши худаш ариза навиштааст”. “Ба кор барои мардум дар ҳама ҷо ва ҳама гуна вақт омодаам”, – гуфт ӯ, лекин аз ҷузъиёти аз мансаб рафтанаш суҳбат накард. Акнун собиқ сардухтури Беморхонаи сироятии Хуҷанд Баҳодур Муъминов […]

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Сардухтури беморхонаи вилоятии Суғд Собирҷон Собиров аз вазифааш озод шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” худи Собирҷон Собиров хабар дод, “ӯ бо хоҳиши худаш ариза навиштааст”.

“Ба кор барои мардум дар ҳама ҷо ва ҳама гуна вақт омодаам”, – гуфт ӯ, лекин аз ҷузъиёти аз мансаб рафтанаш суҳбат накард.

Акнун собиқ сардухтури Беморхонаи сироятии Хуҷанд Баҳодур Муъминов ба ҷойи ӯ ба ин вазифа таъин шуд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи баъзе маълумот, сардухтури беморхонаи вилоятиро барои он аз мансаб сабукдӯш кардаанд, гӯё ӯ ҷавоб додани беморони илтиҳоби шушро рад кардааст.

Аз рӯзи 24-уми апрел беморхонаи вилоятӣ ба карантин баста аст. Дар он ҷо танҳо беморони таъҷилӣ (бо ҷароҳат, шикаста ё ҷарроҳии фаврӣ), аз ҷумла бо таби баланд, сулфа ва аломатҳои илтиҳоби шушро қабул мекунанд.

Аммо ба гуфтаи манбаъ, беморонро ба хонаҳояшон ҷавоб медиҳанд, ҳатто онҳоеро, ки илтиҳоби шуш (пневмония) доранд.

Ёдрас мекунем, ки 50 нафар гирифторони илтиҳоби шуш аз беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов низ ба хонаҳояшон ҷавоб шуданд.

Он замон зикр гардида буд, ки муовини вазири тандурустии кишвар Азиз Одиназода дар ҳукумати ноҳияи Ҷаббор Расулов машварат гузаронида, зимнан дастур додааст, ки дар бемористони ноҳия карантин бекор шуда, беморонро ба хонаҳояшон ҷавоб диҳанд.

Ба гуфтаи манбаъ, минбаъд бистарӣ кардани ҳамаи беморон бо аломатҳои илтиҳоби шуш ва таби баланд ҳатмӣ нест.

“Бигзор онҳо дар хонаашон ё дармонгоҳ (поликлиника) табобат гиранд. Танҳо беморони ҳолаташон вазнин бистарӣ шаванд”, – овард манбаъ гуфтаҳои муовини вазирро.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.