Вазорати нақлиёт: Равуои нақлиёт байни минтақаҳо баста нест

Вазорати нақлиёт овозаҳои боздошта шудани ҳаракати нақлиёти мусофирбарро байни маркази кишвар ва минтақаҳо рад мекунад. “Ҳанӯз оид ба банд кардани ҳакракати васоити наклиёт миёни шаҳри Душанбе ва ВМКБ тасмим гирифта нашудааст. Овозаҳо оид ба баста шудани рафтуомади нақлиёт тавассути роҳи автомобилгарди Душанбе – Хуҷанд – Душанбе низ асос надоранд. Равуои ҳам васоити нақлиёти мусофирбар ва ҳам дигар васоити […]

Вазорати нақлиёт овозаҳои боздошта шудани ҳаракати нақлиёти мусофирбарро байни маркази кишвар ва минтақаҳо рад мекунад.

“Ҳанӯз оид ба банд кардани ҳакракати васоити наклиёт миёни шаҳри Душанбе ва ВМКБ тасмим гирифта нашудааст. Овозаҳо оид ба баста шудани рафтуомади нақлиёт тавассути роҳи автомобилгарди Душанбе – Хуҷанд – Душанбе низ асос надоранд. Равуои ҳам васоити нақлиёти мусофирбар ва ҳам дигар васоити нақлиёт бемайлон таъмин аст”, – қайд шудааст дар хабари сомонаи Вазорат.

Гуфта мешавад, корҳо оид ба пешгирии касалиҳои сироятӣ, аз қабили безараргардонии васоити нақлиёти мусофирбар ва терминал бо антисептикҳо ҳамарӯза гузаронида шуда, иҷрои онҳо зери назорати қатъӣ мебошад.

Таъкид мешавад, ки ронандагон муваззаф шудаанд, бидуни ниқоб ба мусофирбарӣ машғул нашаванд.

Илова бар ин, зикр мегардад дар маълумот, вобаста ба пешгирии касалиҳои сироятӣ ҳамарӯза ронандагон аз муоинаи духтур мегузаранд ва ба онҳо дарсҳо ва машғулиятҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.