Раиси Суғд барои дастгирии табибон 3 млн сомонӣ ҷудо кард

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баҳри дастгирии табибон аз буҷети вилоят 3 млн сомонӣ маблағ ҷудо кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, аз ин маблағ 1 млн сомонӣ ба дастгирии кормандони соҳаи тиб ва 2 млн сомонӣ барои таъмини табибон бо либосҳои махсуси тиббӣ равона мешавад. Тавре ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти раиси вилоят […]

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баҳри дастгирии табибон аз буҷети вилоят 3 млн сомонӣ маблағ ҷудо кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, аз ин маблағ 1 млн сомонӣ ба дастгирии кормандони соҳаи тиб ва 2 млн сомонӣ барои таъмини табибон бо либосҳои махсуси тиббӣ равона мешавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар доданд, Раҷаббой Аҳмадзода ҳамчунин маоши моҳонаи худро ба суратҳисоби махсуси маблағгузории чорабиниҳои мубориза бо коронавирус гузаронидааст.

Давоми ду рӯзи истироҳат дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд боз 2 нафар аз бемории илтиҳоби шуш фавтиданд. Рӯзи 2-юми май сокини 61-солаи ҷамоати Ғӯлакандоз (қаблан бемории диабет дошт) Маъруф Дӯстматов ва рӯзи 3-юми май сокини 66-солаи ҷамоати Деҳмой Акбар Актамов (бо таби баланд, сулфа, фишори баланд) вафот карданд.

Ёдрас мекунем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ музди меҳнати моҳонаи худро ба суратҳисоби мазкур гузаронид. Ҳайати раҳбарии ВКД-и кишвар 50%-и маоши моҳонаашонро ба ин суратҳисоб гузарониданд.

Дар ҳамин ҳол, дар бисёре аз вазорату идораҳои Тоҷикистон, бахусус, мансабдорони қаторӣ дар ташвишанд, ки маъракаи гузаронидани маош ба суратҳисоби махсус барои онҳо “ихтиёрӣ-маҷбурӣ” мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.