Вазорати тандурустӣ: Дар Тоҷикистон 230 нафар гирифтори коронавирус шуда, 3 кас фавтиданд

То соати 16:30 дақиқаи 4-уми май дар мамлакат 230 ҳолати сироятёбии шаҳрвандон ба коронавируси нави COVID-19 ошкор шудааст. Аз ҷумла, 110 ҳолат дар шаҳри Душанбе, 22 ҳолат дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 7 ҳолат дар ВМКБ, 21 ҳолат дар вилояти Хатлон ва 70 ҳолат дар вилояти Суғд. То имрӯз 3 ҳолати фавти шаҳрвандон аз сирояти […]

Asia-Plus

То соати 16:30 дақиқаи 4-уми май дар мамлакат 230 ҳолати сироятёбии шаҳрвандон ба коронавируси нави COVID-19 ошкор шудааст. Аз ҷумла, 110 ҳолат дар шаҳри Душанбе, 22 ҳолат дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 7 ҳолат дар ВМКБ, 21 ҳолат дар вилояти Хатлон ва 70 ҳолат дар вилояти Суғд.

То имрӯз 3 ҳолати фавти шаҳрвандон аз сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, то 4-уми май дар муассисаҳои табобатии кишвар ҳамагӣ 3208 нафар зери назорати табибон қарор доранд. Дар як шабонарӯзи охир 246 нафар пас аз гузаронидани ташхису муоина дар ҳолати қаноатбахш аз муассисаҳои табобатӣ ба хона ҷавоб дода шудаанд.

Вазорат аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал овардааст, ки “дар ин лаҳзаҳои ҳассос ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Игор Ангеловски сармураббии нави тими миллии футболи Тоҷикистон таъйин шуд

Ин мутахассис қаблан дар тимҳои Мақдуния, Крувосӣ, Қазоқистон ва Қибрис фаъолият доштааст.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил

Табрикот ба муносибати 30-солагии таъсисёбии мо идома дорад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.