Ҳушдори якбора ноустувор шудани обуҳаво дар Тоҷикистон

Рӯзҳои наздик дар ҷумҳурӣ якбора ноустувор шудани вазъи обуҳаво, боронҳои пуршиддат, раъду барқ ва боридани жола дар назар аст. Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, рӯзҳои 5-6 майи соли ҷорӣ дар НТМ ва баъзе ноҳияҳои доманакӯҳии вилояти Хатлон борони пуршиддат меборад. Дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест. […]

Asia-Plus

Рӯзҳои наздик дар ҷумҳурӣ якбора ноустувор шудани вазъи обуҳаво, боронҳои пуршиддат, раъду барқ ва боридани жола дар назар аст.

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, рӯзҳои 5-6 майи соли ҷорӣ дар НТМ ва баъзе ноҳияҳои доманакӯҳии вилояти Хатлон борони пуршиддат меборад. Дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест.

Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии вилоятҳои Хатлону Суғд, НТМ ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ фаромадани сел пешгӯйӣ мешавад.

Дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда, дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ), Вахш, инчунин дар шохобҳои дарёи Зарафшон (ноҳияи Айнӣ) баландшавии сатҳи об пешбинӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.