Дар вилояти Хатлон 19 кас аз “илтиҳоби шуш” фавтиданд

Шумори гирифторони “илтиҳоби шуш” дар вилояти Хатлон ба 419 нафар расида, 19 кас аз ин беморӣ вафот карданд. Дар ин хусус ба “Азия-Плюс” аз маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон хабар доданд. “Шумори беморон аз 1-уми май афзудааст. Ҳамарӯза тақрибан 60-70 кас бистарӣ мешаванд. Аз ҷумла, рӯзи 3-юми май 65 нафар бо “илтиҳоби шуш” […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Шумори гирифторони “илтиҳоби шуш” дар вилояти Хатлон ба 419 нафар расида, 19 кас аз ин беморӣ вафот карданд.

Дар ин хусус ба “Азия-Плюс” аз маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон хабар доданд.

“Шумори беморон аз 1-уми май афзудааст. Ҳамарӯза тақрибан 60-70 кас бистарӣ мешаванд. Аз ҷумла, рӯзи 3-юми май 65 нафар бо “илтиҳоби шуш” ва бемории шадиди роҳҳои нафас дар бемористон хобонида шуда, 3 кас фавтиданд”, – изҳор дошт манбаъ.

“Вазъият дар ноҳияҳои Данғара, Шаҳритус ва Кӯшониён вазнинтар аст. Масалан, дар ноҳияи Данғара – 60 нафар, Кӯшониён – 54 кас ва Шаҳритус – 53 нафар бистарӣ шудаанд”, – афзуд ӯ.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар 42 кас бистарӣ буда, аз ин теъдод вазъи 8 нафар вазнин арзёбӣ мешавад.

Як манбаъ аз ин беморхона ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар байни беморон кормандони соҳаи тандурустӣ низ ҳастанд. Аз ҷумла, сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Мирзоалӣ Раҷабзода 2 рӯз инҷониб бо таби баланд дар ин беморхона бистарӣ шудааст.

Тавре қаблан хабар дода будем, муовини раиси ноҳияи Шаҳритус Меҳринисо Раҷабзода бо ҳарорати баланд бистарии дармонгоҳ шуд. Ба гуфтаи як манбаъ, аз бемории “илтиҳоби шуш” ду корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус – сармуҳосиб Эгам Исоев ва мутахассиси шуъбаи иқтисод Сайфиддин Садриддинзода вафот кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту идораҳо супориш додааст, баҳри пешгирию паҳншавии COVID-19 чораҳои зарурӣ андешанд. Ҳамчунин корҳои безараргардонӣ дар ҳудуди вилоят афзоиш дода шаванд.

Раиси вилоят маоши якмоҳаи худро ба хазинаи мубориза бо COVID-19 гузаронидааст. Бино ба иттилоои маркази матбуоти раиси вилояти Хатлон, ҳамчунин кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят низ як қисми маоши худро ба ин хазина гузарониданд.

Қурбон Ҳакимзода дастур додааст, ки ба кормандони соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла, ба табибони маълумоти олидор 500 сомонӣ, ба табибони маълумоти миёна 400 сомонӣ ва кормандони техникиӣ 300 сомонӣ кумакпулӣ пардохт шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.