Дар вилояти Хатлон 92 ҳолати илтиҳоби шуш ба қайд гирифта шудааст

То имрӯз, 30-юми апрел дар вилояти Хатлон 92 ҳолати гирифтории шаҳрвандон ба бемории илтиҳоби шуш ба қайд гирифта шуда, 3 нафар вафот кардаанд. Чунонки аз Маркази назорати давлатии санитарию эпидимиологии вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, аз 92 гирифтори илтиҳоби шуш (пневмония) 53 нафараш ба гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои Бохтар ва 39 ҳолати дигар ба гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

То имрӯз, 30-юми апрел дар вилояти Хатлон 92 ҳолати гирифтории шаҳрвандон ба бемории илтиҳоби шуш ба қайд гирифта шуда, 3 нафар вафот кардаанд.

Чунонки аз Маркази назорати давлатии санитарию эпидимиологии вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, аз 92 гирифтори илтиҳоби шуш (пневмония) 53 нафараш ба гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои Бохтар ва 39 ҳолати дигар ба гурӯҳи шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб рост меояд. Се кас аз ин беморӣ фавтиданд: як нафар аз ноҳияи Дӯстӣ ва ду каси дигар аз ноҳияи Шаҳритус.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки айни замон 2 корманди ин мақомот бо ҳарорати баланд дар беморхона бистарӣ шудаанд. Яке аз онҳо муовини раиси ноҳия Меҳринисо Раҷабзода мебошад. Чанд рӯз қабл сармуҳосиби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур Эгам Исоев аз бемории илтиҳоби шуш фавтид.

Мехринисо Раҷабзода зимни як тамоси телефонӣ ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард, ки айни замон таҳти назорати пизишкон дар беморхона табобат мегирад.

“Чанд рӯз ҳароратам баланд шуд. Ба беморхона омадам ва ин ҷо бистариям карданд. Табибон мегӯянд, ки андаке шамол хурдаам. Айни замон худамро хуб ҳис мекунам”, – гуфт муовини раиси ноҳияи Шаҳритус.

Хабари бистарӣ шудани ӯро ҳамчунин Умаралӣ Юсуфов, сарвари Маркази назорати давлатии санитарию эпидимиологӣ дар ноҳияи Шаҳритус тасдиқ карда, гуфт: “Таҳлилҳо нишон додаанд, ки Меҳринисо Раҷабзода зуком шудааст ва аз ин ҳисоб таб кардааст. Айни ҳол ҳол саломатияш хуб аст”.

Вай афзуд, ки дар ноҳияи онҳо 32 ҳолати гирифтории бемории илтиҳоби шуш ё пневмония ба қайд гирифта шудааст.

“Дар беморхонаи ноҳия 2 нафар аз бемории илтиҳоби шуш фавтиданд, ки яке аз онҳо сармуҳосиби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус буда, дигараш сокини ноҳияи Носири Хусрав аст. Ҳолати беморони боқимонда то субҳи имрӯз муътадил буд”, – изҳор дошт Умаралӣ Юсуфов.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.