Вазъи адиб Муҳиддин Хоҷазод муътадил аст. Ҳамсараш аз илтиҳоби шуш фавтид

Вазъи солимии адиб Муҳиддин Хоҷазоди 82-сола муътадил арзёбӣ мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаи наздик ба оилаи нависанда хабар дод. “Ӯ ҳоло ҳам дар  беморхонаи вилоятии Суғд бистарӣ мебошад”, – хабар дод манбаъ. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи манбаъ, рӯзи 28 апрел ҳамсари нависанда аз бемории илтиҳоби шуш (пневмония) вафот кардааст. “Синни ӯ аз […]

Вазъи солимии адиб Муҳиддин Хоҷазоди 82-сола муътадил арзёбӣ мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаи наздик ба оилаи нависанда хабар дод.

“Ӯ ҳоло ҳам дар  беморхонаи вилоятии Суғд бистарӣ мебошад”, – хабар дод манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи манбаъ, рӯзи 28 апрел ҳамсари нависанда аз бемории илтиҳоби шуш (пневмония) вафот кардааст.

“Синни ӯ аз 70-сола боло буд. Фишори баланд дошт.  Дар хонаи онҳо корҳои безараргардонӣ гузаронида шуданд”, – хабар дод дӯсти ин оила.

Ёдрас мекунем, ки қаблан адиб бо писараш Алишер Хоҷаев, ҳар ду бо бемории илтиҳоби шуш дар беморхона бистарӣ шуда буданд.

Нависанда ва драманавис Муҳиддин Хоҷазоди зиёда аз 12 асари бадеӣ, як силсила филмҳои бадеӣ ва телевизионӣ, чанд намоишномаи театрӣ эҷод кардааст Гулчини ҳикояву қиссаву романҳои ӯ дар авроқи маҷмӯаҳои «Ба ҷойи узр» (1965), «Нони ҳалол» (1970), «Нишони муҳаббат» (1974), «Об – рӯшноӣ», «Нанг ва номус» «Роҳи Роғун дигар аст», «Кӯҳ бе варта нест» дастраси хонандагон гардида, филмномаҳои «Оташи зери хокистар», «Асрори ниёгон», «Сайди охирин» ва «Ошёни уқобон»  пешкаши ҳамагон гардидаанд.

Солҳои охир ба эҷоди драма ҳам шуғл варзидааст. Драмаи аввалинаш «Об – рӯшноӣ» соли 1985 дар Театри драмавии русии ба номи В.Маяковский саҳнагузорӣ шудааст. Баъдан драмаҳои «Бандаи нафс», «Офат», «Самаки Айёр», «Фалакро ҳар назар аз роҳи кин аст», «Саодати васл», «Садди Сайҳун» -ро ба қалам овардааст, ки чанде аз онҳо сазовори ҷоизаҳо гаштаанд.

«Романи сегона», романҳои «Ҳастӣ ибрат аст» ва «Аз нишебӣ то фарозиҳо» ба қалами Муҳиддин Хоҷазод тааллуқ доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.