Дар Хуҷанд оқибатҳои офати табииро рафъ месозанд

Шоми гузашта бар асари вазидани шамоли сахт ва борони пуршиддат дар маҳаллаҳои мухталифи шаҳри Хуҷанд ба иншоот зарари моддӣ расонида шуд. “Шамоли сахт даҳҳо бех дарахтони азимҷуссаро решакан карда, аз афтодани онҳо дар навбати худ, иншооти гуногун осеб дид. Хушбахтона, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии раиси шаҳри […]

Шоми гузашта бар асари вазидани шамоли сахт ва борони пуршиддат дар маҳаллаҳои мухталифи шаҳри Хуҷанд ба иншоот зарари моддӣ расонида шуд.

“Шамоли сахт даҳҳо бех дарахтони азимҷуссаро решакан карда, аз афтодани онҳо дар навбати худ, иншооти гуногун осеб дид. Хушбахтона, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии раиси шаҳри Хуҷанд Маъмурхон Юсуфов.

Ба гуфтаи ӯ, дар баробари рух додани офати табиӣ таҳти роҳбарии раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода ситод ташкил шуда, масъулини дахлдор барои бартараф кардани зарарҳои расонидашуда сафарбар гардиданд.

Тибқи иттиллои масъулини Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналии шаҳр, офати таббӣ асосан ба дарахтону ноқилҳои барқӣ таъсир расонид. Канда шудани ноқилҳои барқӣ бар асари ба болои онҳо афтодани дарахтон, боиси як муддат қатъ гардидани барқ низ шуд. Таъмини шаҳр бо қувваи барқ таъҷилан барқарор шуд.

Ҷӯйборҳо бинобар боридони борони зиёд пур аз партов шуданд, ки аз тарафи кормандони корхонаи хизматрасонии нақлиёти санитарӣ бартараф карда мешаванд.

Иншооти гуногуни бунёдшаванда, ки ҳудудашон бо тунукаҳо иҳота шуда буд, бар асари вазидани шамол деворашон афтода, дар бархе маҳаллаҳо боиси халалдор шудани ҳаракати нақлиёт гардид, ки он низ бартараф мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар Душанбе низ шабонарӯзи гузашта шамоли сахту борон ва дар баъзе ҷойҳо жола борида, раъду барқ ба амал омад. Корбарони шабакаи Facebook аксҳоеро аз ин ҳодисаҳо нашр карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...