Бонки ҷаҳонӣ коҳиши хеле бузургҳаҷми интиқоли пулро ба Тоҷикистон пешгӯйӣ мекунад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

“Бар асари буҳрони иқтисодии марбут ба пандемияи COVID-19 ва чорабиниҳои карантинӣ, соли 2020 ҳаҷми интиқоли маблағ дар саросари дунё босуръат коҳиш ёфта, қариб 20%-ро ташкил хоҳад дод”, – қайд шудааст дар маълумоти Бонки ҷаҳонӣ.

Гуфта мешавад, ин коҳиши аз ҳама бузургҳаҷм ба камшавии музди меҳнати муҳоҷирон ва аз даст додани ҷойи кори онҳо вобаста аст: дар давраи буҳрони иқтисодӣ муҳоҷирон зимни ихтисор бештар осебпазиранд.

Дар назар аст, ки ҳаҷми интиқоли пул ба кишварҳои даромадашон паст ва миёна ба андозаи 19,7% коҳиш ёфта, дар маҷмӯъ 445 млрд долларо ташкил хоҳад дод, ки дар навбати худ, бисёре аз хонаводаҳои осебпазир сарчашмаи ҳаётан муҳими маблағгузории худро аз даст медиҳанд.

Дар маълумот қайд мешавад, ки ба вазъи кишварҳо бо иқтисоди начандон бузург, ки ба интиқоли маблағ вобастаанд, ба мисли Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон, барқарор шудани фаъолнокии иқтисодӣ дар Русия соли гузашта таъсири мусбат гузошт.

Мувофиқи пешгӯйиҳои иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ, дар натиҷаи пандемияи коронавирус тавъам бо коҳиши нархи нафт, соли 2020 ҳаҷми интиқоли маблағ ба ин кишварҳо тақрибан 28% кам мешавад.

Таҳлилгарони бонк бар ин назаранд, ки коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағ ба Тоҷикистон дар баробари болоравии нархҳо ба маҳсулоти ғизоӣ ва сустшавии рушди иқтисод, ба дурнамои коҳиши камбизоатӣ дар кишвар таъсири манфӣ мерасонад.

Ҳукумати Тоҷикистон маълумот дар бораи ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷиронро ба таври шаффофу ошкоро пешниҳод намекунад. Аммо, тибқи маълумоти Бонки марказии Русия, соли гузашта танҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ ба Тоҷикистон аз ин кишвар наздики 2,6 млрд доллар маблағ фиристода шудааст.

Русия, ки теъдоди зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон дар он кор мекунанд, қаблан дар бораи баста шудани сарҳадҳояш хабар дод. Ҳамзамон дар Русия сатҳи бекорӣ афзуда, вазъи муҳоҷирони меҳнатиро боз ҳам душвортар кардааст. Бисёре аз онҳо аллакай корашонро аз даст додаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...