Asiaplus4tajikistan: Ба Тоҷикистон ҳамроҳ кумак мекунем!

Date:

Ташаббуси ҷамъоварии маблағ барои дастгирии табибони Тоҷикистон тариқи гурӯҳҳои ихтиёриён (ризокорон) ва кормандони ихтиёрии “Азия-Плюс” амалӣ мешавад.

“Давоми ҳафтаҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз шумо садҳо муроҷиат ба мо мерасад. Гурӯҳе дар ин вазъи душвор аз мо кумак пурсида, мусибати худро менависанд. Чандеи дигар мепурсанд, ки бо кадом роҳу восита  ба кишвару ҳамватанони худ дар мубориза бо коронавирус кумак расонида, ин замони душворро метавон паси сар кард. Мо тасмим гирифтем, ба хонандагони худ ҷиҳати кумак ба шахсоне, ки имрӯз воқеан ба он ниёз доранд – табибону ҳамшираҳои шафқат ва санитарҳо, ки бо COVID-19 мубориза мебаранд, имкон фароҳам созем”, – мегӯяд сармуҳаррири “Азия-Плюс” Умед Бобохонов.

Корбарони “Азия-Плюс” дар саросари дунё – Тоҷикистону Русия, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ғарб даҳҳо ва садҳо ҳазоранд. Агар ҳар кадоме мувофиқи имкон ба ҳамёни умумӣ 1 сомонӣ, 1 рубл ё 1 доллар хайр кунад, маблағе ҷамъоварӣ хоҳад шуд, ки ҳаёти касеро наҷот медиҳад ё вазъро беҳтар месозад.

Ба хонандагони “Азия-Плюс” – касоне, ки аз дасташон меояду кумак кардан мехоҳанд, имкон доданием. Бигзор ин кумак начандон зиёд бошад, лекин мутамаинем, ки танҳо бо талошҳои дастҷамъона ин балоро аз сарамон дур карда метавонем.

Ба ақидаи созмондиҳандагон, ташаббуси “Ба Тоҷикистон ҳамроҳ кумак мекунем!” тариқи гурӯҳҳои ихтиёриён ва кормандони ихтиёрии “Азия-Плюс” амалӣ мешавад. Дар доираи он “Азия-Плюс” ба эҳтиёҷмандон бо таҷҳизот ва маводи тиббӣ, ғизо ва маълумоти муфид ёрӣ мерасонад.

Тамоми маълумот дар бораи маблағҳои воридшуда ва хароҷоти он ба ҳамаи хонандагон дастрас хоҳад буд.

Фаъолият оид ба ҷамъоварӣ ва хароҷоти маблағҳоро ҳуқуқшинос, роҳбари ширкати ҳуқуқии “Ҳимоя” Наврӯз Одинаев ва директори иҷроияи хабаргузории “Азия-Плюс” Искандар Икромӣ танзиму ҳамоҳанг мекунанд.

Суратҳисобҳои мо:

Ҳамёни Alif mobi: +992987203939

Суратҳисоб дар Alif Bank (корти миллӣ): 5058 2702 8051 0909

PayPal: [email protected]

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...