Кумаки президент ба табибону беморони вилояти Хатлон

Имрӯз 233 автомашинаи боркаши кумакҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба табибону беморони вилояти Хатлон расид. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни истиқболи ин кӯмакҳо изҳор дошт, ки аз тарафи Президенти кишвар имрӯз ба вилоят 16 тонна картошка, 16 тонна пиёз, 16 тонна сабзӣ, 13 тонна орд, 9 тонна биринҷ ва 84 тонна макарону равғану марҷумак […]

Сайраҳмон Назриев, Азия-Плюс

Имрӯз 233 автомашинаи боркаши кумакҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба табибону беморони вилояти Хатлон расид.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни истиқболи ин кӯмакҳо изҳор дошт, ки аз тарафи Президенти кишвар имрӯз ба вилоят 16 тонна картошка, 16 тонна пиёз, 16 тонна сабзӣ, 13 тонна орд, 9 тонна биринҷ ва 84 тонна макарону равғану марҷумак (гречка) ва дигар навъи маводи озуқа фиристода шуд.

“Аз ин 84 тонна 42 тоннааш ба ду деҳаи ноҳияи Хуросон, ки аз селбориши рӯзҳои 14-16 май зарар дидаанд, фиристода шуд ва 42 тоннаи дигар ба табибону беморон тақсим карда хоҳад шуд”, – қайд кард раиси вилоят.

Қурбон Ҳакимзода ҳамчунин илова кард, ки аз тарафи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои аз селбориш зарардидагони ноҳияи Хуросон 78 тонна арматура, 3,7 ҳазор донна шифер, 180 тонна семент ва 750 метри мукааб тахта фиристода шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.