Коронавирус дар Тоҷикистон: шумори сироятёфтагон аз 2 ҳазор нафар гузашт

Шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон то шоми рӯзи 20 май ба 2140 нафар расид. Шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 204 ҳолати нави бемории Covid-19 сабт шуд. Тавре Портали ягонаи миллӣ оид ба коронавирус – covid.tj хабар медиҳад, шабонарӯзи гузашта ҳеҷ кас аз ин беморӣ вафот накарда, шумори умумии фавтидагон аз коронавирус 41 нафар боқӣ мемонад. […]

Шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон то шоми рӯзи 20 май ба 2140 нафар расид. Шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 204 ҳолати нави бемории Covid-19 сабт шуд.

Тавре Портали ягонаи миллӣ оид ба коронавирус – covid.tj хабар медиҳад, шабонарӯзи гузашта ҳеҷ кас аз ин беморӣ вафот накарда, шумори умумии фавтидагон аз коронавирус 41 нафар боқӣ мемонад.

Қобили зикр аст, ки дар бораи аввалин 15 нафар шахсони сироятёфта дар кишвар – 10 нафар дар Суғду 5 кас дар Душанбе рӯзи 30 апрел хабар дода шуд.

Дар бемористону дармонгоҳҳои кишвар айни замон 3592 нафар зери муоинаи табибон қарор дошта, дар ин давра 470 нафар аз бемории коронавирус шифо ёфтаанд.

Рӯзи 20 май бо иштироки президенти мамлакат, раиси шаҳри Душанбе ва сарвазири ҷумҳурӣ 4 дармонгоҳи муваққатӣ барои муолиҷаи беморон боз шуданд, ки дар як вақт ҳудуди 2 ҳазор нафар гирифторони сироят аз коронавирусро қабул карда метавонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.