Коронавирус дар Тоҷикистон: шумори сироятёфтагон аз 2 ҳазор нафар гузашт

Date:

Шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон то шоми рӯзи 20 май ба 2140 нафар расид. Шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 204 ҳолати нави бемории Covid-19 сабт шуд.

Тавре Портали ягонаи миллӣ оид ба коронавирус – covid.tj хабар медиҳад, шабонарӯзи гузашта ҳеҷ кас аз ин беморӣ вафот накарда, шумори умумии фавтидагон аз коронавирус 41 нафар боқӣ мемонад.

Қобили зикр аст, ки дар бораи аввалин 15 нафар шахсони сироятёфта дар кишвар – 10 нафар дар Суғду 5 кас дар Душанбе рӯзи 30 апрел хабар дода шуд.

Дар бемористону дармонгоҳҳои кишвар айни замон 3592 нафар зери муоинаи табибон қарор дошта, дар ин давра 470 нафар аз бемории коронавирус шифо ёфтаанд.

Рӯзи 20 май бо иштироки президенти мамлакат, раиси шаҳри Душанбе ва сарвазири ҷумҳурӣ 4 дармонгоҳи муваққатӣ барои муолиҷаи беморон боз шуданд, ки дар як вақт ҳудуди 2 ҳазор нафар гирифторони сироят аз коронавирусро қабул карда метавонанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...